Санъати нодири мусаввирӣ

Дирӯз дар маҷмӯаи маънавӣ-­маърифатии «Олами китоби Самарқанд»-и шаҳри Самарқанд тақдимоти китоби «Рассомони Самарқанд ва устодони санъати амалӣ» шуда гузашт. Дар он рассомони самарқандӣ, воситаҳои ахбори оммавӣ ва китобдӯстон иштирок намуданд.
Тадбирро роҳбари шӯъбаи маънавият ва маърифати шаҳри Самарқанд, адиб Хуршед Нуруллоев кушода, оид ба эҷодиёти рассомони самарқандӣ, аҳамияти китоб дар ҳаёти рӯзмарраи одамон ва ғайра гап зад.
Сипас, таҳиягари албом ва муаллифи сарнавишти китоб Аҳмад Умаров риштаи суханро гирифта, дар бораи таърихи навишти ин китобе, ки кайҳо боз рассомони Самарқанд интизораш буданд, ҳиссаи ҳомиён, дар китоббарорӣ, машаққати касби рассомӣ, санъати калима ва рассомӣ, мушкилии китоббарорӣ ва ғайра ҳарф зад.
Дар китоб-­каталоги мазкур намунаҳо аз асарҳои 41 нафар рассоми шинохтаи Самарқанд (аз 90 аъзо) ҷамъоварӣ шудааст. Китоб моҳи гузашта аз ҷониби ҶММ «Relieble print»-и пойтахт бо теъдоди 500 нусха чоп шуд. Муҳаррири китоб Алишер Назир, муҳаррири бадеияш Баҳриддин Бозоров мебошад.
– Рассомӣ санъати ба худ хоси такрорнашаванда мебошад, – гуфт муаллифи китоб Аҳмад Умаров. – Ба маҷмӯа намунаҳо аз асарҳои санъати баланди рассомони Самарқанд ҷамъ шудааст. Соли 1991 дар Москва «Художники Самарканда» чоп шуда буд. Баъди 28 сол дар бораи рассомони самарқандӣ боз китоб ба табъ расид. Ин китоби ман нест, балки китоби рассомони Самарқанд мебошад.
Дар тақдимот эҷодкорони самарқандӣ Нуриддин Калонов, Шариф Азимов, Аҳмад Камолов ва дигарон ба сухан баромада, оиди аҳамияти китоб, эҷодиёти рассомони вилоят фикрҳои худро баён карданд.
Дар поёни тадбир иштирокдорон ба муаллифи китоб саволҳо дода ҷавоб гирифтанд.

Ҷамшеди АСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ