Дар Туркия аз зери харобаҳо кӯдаки 4-соларо солим берун оварданд, ӯ 3 рӯз зери вайронаҳо буд


Наҷотдиҳандагони Туркия аз зери харобаҳои биноҳои истиқоматӣ духтараки чорсоларо берун оварданд. Ӯ сиҳату солим аст. Духтарак қариб 4 рӯз дар зери харобаҳо буд. дар ин бора шабакаи телевизионии “МИР 24” хабар медиҳад.
Ҳамчунин, наҷотдиҳандагон рӯзи гузашта як кӯдаки дигари сесоларо низ наҷот доданд. Ӯ низ сиҳату солим ба оғӯши хонаводааш баргашт.
Наҷотдиҳандагон то ҳол беш аз 100 нафарро аз зери биноҳои вайроншуда берун оварданд. Амалиёти ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ