Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико интихобот, маълумотҳо тақдим мегарданд

Айни замон дар ИМА интихоботи Президентӣ гузашта истодааст. Бино ба маълумоти охир, демокрит Жо Байден аз Президенти дарамалбуда, республикачӣ Доналд Трамп бо тафовути хурд дар пеш рафта истодааст. Бино ба хабари NBC Байден дар Ню-Гэмпшир ғалаба кардааст. Бино ба хабари «Fox», Трамп дар иёлоти Миссури, Арканзас, Алабама ва Миссисипи ғалаба ба даст овард. Сенатор -республикачӣ Рикк Скотт маълум кард, ки Трамп дар штати Флорида ҳам ғалаба кардааст. Бино ба маълумоти CNN Трамп бо 11-то овоз дар штати Теннесси, бино ба хабари «Associfted Press» дар Каролинаи Ҷанубӣ ғалаба кардааст. «The New York Times» хабар дод, ки демократ Байден дар штати Ню-Йорк аз болои Трамп ғалаба кард. Овоздиҳӣ ҳоло идома дорад. Бино ба маълумоти охирин Жо Байден соҳиби 133-то овоз, Трамп соҳиби 115 -то овоз мебошанд. Номзад ба Президентии ИМА 270 -то овози аъзои ҳайати интихобчиёнро ҷамъ карданаш лозим.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ