Робита байни Донишгоҳи Турку ва Донишгоҳи давлатии иқтисодиёти Тошканд мустаҳкам мегардад

Яке аз калонтарин шаҳрҳои Финляндия Турку – пештар пойтахти ин мамлакат ҳисоб меёфт. Алҳол Донишгоҳи Турку баъди Донишгоҳи Хелсинки бонуфузтарин маркази таълим буда, 3120 нафар омӯзгорону муҳаққиқонро фаро гирифтааст.
Робита байни Донишгоҳи Турку ва Донишгоҳи давлатии иқтисодиёти Тошканд торафт мустаҳкам мегардад.
Дар видеомулоқоте, ки байни ду муассисаи таълими олӣ рӯи кор омад, масъалаи якҷо омодасозии кадрҳои малаканок мавриди гуфтугӯ қарор гирифт. Аз рӯи лоиҳаи «1+3», ки бояд аз моҳи январи соли 2021 амалӣ гардад, фикрҳо баён ёфтанд. Яъне донишҷӯ курси аввалро дар ДДИТ хонда, се соли таҳсили боқимондаро дар Донишгоҳи Турку фаро гирифтанаш мумкин. Баъди соҳиби диплом шудан бояд бо як лоиҳаи худ ба Ӯзбекистон баргардад ва онро ба амал татбиқ намояд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ