Дар Туркия амалиёти ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳии баъди зилзила поён ёфт, шумори қурбониён маълум шуд


Амалиёти ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳии баъди заминларза дар Измир ба поён расид. Шумори қурбониён ба 144 нафар расид. Дар ин бора РБК хабар дод.
Дар натиҷаи заминларза 1035 нафар захмҳои гуногун бардоштанд, 137 нафари онҳо ҳанӯз дар бемористонҳоянд.
Заминларза 17 бинои бисёрошёнро вайрон кард.
Меҳмет Гуллуоғлу, идораи рафъи пайомади офатҳои табиии Туркия ба ҳамаи онҳо, ки дар амалиёти наҷотдиҳӣ иштирок карданд, сипосгузорӣ кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ