Раиси порлумони Қирғизистон низ истеъфо дод


Канатбек Исаев, раиси порлумони Қирғизистон истеъфо дод. Дар ин бора худи ӯ имрӯз маълум кард.
Исаев мехоҳад, ки дар интихоботи раисҷумҳурӣ номзадии худро пешниҳод кунад.
Ёдовар мешавем, Садир Ҷапаров, иҷрокунандаи муваққатии вазифаи раисумҳури Қирғизистон чанде эълон карда буд, ки барои пеш бурдани номзадии худ ба роҳбарии давлат аз ваколати худ даст мекашад. Дар чунин вазъият, идораи давлат ба дӯши раиси нави порлумон вогузор мешавад.
Ёдовар мешавем, Исаев камтар аз як моҳ пеш раиси порлумони Қирғизистон таъин шуда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ