Дар пойтахти Юнон нахустин масҷид боз шуд


Дар Афина – пойтахти Юнон нахустин масҷид боз шуд. Аз оғози ташкили давлати подшоҳии Юнон дар соли 1832 то ба имрӯз дар Афина бунёди масҷид мамнӯъ буд. Ин маҳдудият танҳо соли 2006 аз байн рафт ва соли 2016 дар бораи сохтусози масҷиди нахустин тавофуқ карданд.
Маросими ифтитоҳи масҷид бояд дар баҳор баргузор мешуд, вале, пандемия боиси таъхири он шуд. Бо вуҷуди боз шудани масҷид ба сурати расмӣ, маросими ифтитоҳ баргузор нашуд. Илова бар ин, ба далели чораҳои карантинӣ, шумори намозгузорон дар масҷид маҳдуд аст. Ҳамагӣ 9 кас метавонанд якбора дар масҷид намоз гузоранд. Умуман, масҷид метавонад якбора то ба 350 нафар ҷой диҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ