Дар Ӯзбекистон дар давоми 9 моҳ чанд тонна семент истеҳсол шуд?

Дар Ӯзбекистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ 7,8 миллион тонна семент истеҳсол шудааст. Рақамҳои нишондодашуда нисбати суръати сабзиши соли гузашта 102,6 фоизро ташкил кард. Дар ин бора Хизмати матбуоти Кумитаи давлатии статистика маълум кард. Ҳиссаи калони сементи истеҳсолгардида ба коргоҳҳои вилояти Тошканд (47,2 фоиз), вилояти Навоӣ (35,5 фоиз) ва вилояти Фарғона (11,8 фоиз) рост меояд. Маълум шуд, ки Ӯзбекистон дар 9 моҳи гузашта ба мамлакатҳои Афғонистон, Сингапур, Россия, Хитой, Туркия ва дигари хориҷӣ ба қимати 24,2 миллион доллари амрикоӣ семент экспорт кардааст. Дар Ӯзбекистон бошад, аз давлатҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон , Эрон, Россия ва дигар давлатҳо ба қимати 87,0 миллион доллари ИМА маҳсулоти семент импорт шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ