“Динамо” дар майдони худ мағлуб шуд


Имрӯз “Динамо” бозии навбатии худро дар чорчӯби Про-лига баргузор кард. Ин бор “Турон” меҳмони самарқандиён шуд. Бозии қаблии ин ду ҷамоа дар Самарқанд бо натиҷаи дуранги 1 бар 1 поён ёфта буд.
Бо вуҷуди он, ки мезбонон голи аввалро ба ҳисоби худ сабт карданд, “Турон” тавонист ду бор ба он ҷавоб диҳад.
Ҳисоб бо натиҷаи 1 бар 2 бо ғалабаи меҳмонон ба поён расид.
Муаллифони голҳо: Суҳроб Нуруллоев (пеналти) – Дониёр Исмоилов, Абдулазизхон Абдурашидов.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ