Телевизиони Ӯзбекистон 64-сола шуд

Имрӯз, 5-уми ноябр, телевизиони Ӯзбекистон 64-сола шуд.
Соли 1956, худи ҳамон рӯз барномаҳои телевизионӣ дар Ӯзбекистон расман пахш шуданд ва Студияи Телевизиони Тошканд таъсис дода шуд.
Студия барномаҳои худро аз манораи телевизионии Тошканд, ки 180 метр баландӣ дорад, ба намоиш гузошт.
Солҳои 70-80-уми асри гузашта телевизиони Ӯзбекистон «Оталар сўзи – ақлнинг кўзи» («Каломи падар — чашми ақл»), «Ойнадан ўпкалама» («Аз оина маранҷ»), «ТВ-алманах», «Телевизион миниатюралар театри» («Театри минётураи телевизионӣ»), «Оламда нима гап?» («Дар ҷаҳон чӣ гап?») силсилаи чунин намоишҳо маъмул буданд ва сазовори таърифу таҳсин буданд. Он замон озмунҳои телевизионӣ аз қабили «Салом, истеъдодҳо!», «Чашма», «Офарин» барномаҳои пурсарусадотарин буданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ