Дар Гретсия чораҳои карантин барқарор карда мешаванд

Аз сабаби бад шудани вазъ бо коронавирус, дар Гретсия карантини умумӣ ҷорӣ мешавад. Дар ин бора ERT-1 хабар додааст.
Сарвазири Гретсия Кириакос Митсотакис эълон кард, ки қоидаҳои шадиди карантин дар кишвар аз 7 то 30-юми ноябр идома медиҳад.
Дар Гретсия 46ҳазору 892 нафар ба сирояти коронавирус дучор шудааст. Аз онҳо 673 нафар фавтидаанд.
Дар ҷаҳон зиёда аз 48 миллион нафар ба коронавирус гирифтор шуда ва зиёда аз 1 миллиону 200 ҳазор нафар беморон қурбони он шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ