Низом дар бораи нишони сарисинагии «Барои ҳифзи ҳуқуқи инсон» тасдиқ карда шуд

Тибқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 3-юми ноябри соли 2020 низом дар бораи нишони сарисинагӣ “Инсон ҳуқуқлари ҳимояси учун” («Барои ҳифзи ҳуқуқи инсон») тасдиқ карда шуд.
Нишони «Барои ҳифзи ҳуқуқи инсон» ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар ҳифзи ҳуқуқ ва озодии инсон, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқи инсон ва рушди соҳа сазовор гузоштаанд, тақдим карда мешавад. Бо нишони сарисинагӣ шаҳрвандони кишварҳои дигарро низ сарфароз гардондан мумкин аст.
Дар низом инчунин пешбинӣ шудааст, ки ташкилотҳое, ки дар соҳаи ҳуқуқи инсон кор мекунанд, метавонанд бо нишони сарисинагии «Барои ҳифзи ҳуқуқи инсон» сарфароз гардонида шаванд. Нишон ҳар сол дар арафаи 10-уми декабр — Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон тақдим карда мешавад.
Таъсиси нишони сарисинагии «Барои ҳифзи ҳуқуқи инсон» дар таъмини самаранокии сиёсати муттасили давлатӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Ӯзбекистон аҳамияти калон дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ