Про лига, «Динамо» дар майдони худ ба «Турон» имкониятро бой дод

Клуби касбии футболи «Динамо» дар доираи навбати 15-и зинаи поёнии Про лига дар майдони худ ба «Турон» мағлуб шуд. Дар вохӯрӣ ҳисобро динамочиён кушода бошанд ҳам, рақибон ба задани ду тӯб (1:2) муяссар гардиданд. Ҷамоаи «Динамо» бо сарпарастии сармураббӣ С. Лушчан аз ӯҳдаи мағлуб кардани»Турон» набаромад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ