Аз таъсири COVID-19 дар ҷаҳон шумораи камбизоатон метавонад 150 миллион нафар зиёд шавад

Шумораи одамони камбизоат, ки дар саросари ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, метавонад солҳои 2020 ва 2021 бар асари буҳрони иқтисодии вобаста ба пандемияи коронавирус 150 миллион зиёд шавад. Дар ин бора дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ зикр шудааст.
«Имсол бар асари пандемия аз 88 то 115 миллион нафар метавонанд бори дигар ба камбизоатӣ дучор шаванд ва бо дарназардошти афзоиши иловагӣ то 23-35 миллион нафар дар соли 2021 шумораи умумии онҳо дар ду сол метавонад аз 110 миллион то 150 миллион нафарро ташкил диҳад», — омадааст дар гузориш.
Тибқи гузориши Бонки ҷаҳонӣ, соли равон камбизоатии шадид, ки дар ин ҳолат одамон дар як рӯз бо камтар аз 1,9 доллар зиндагӣ мекунанд, эҳтимолан аз 9,1 то 9,4 фоизи аҳолии ҷаҳонро фаро гирад. Агар пандемия намешуд, тавре ки интизор мерафт, сатҳи камбизоатии шадид соли равон то 7,9% коҳиш меёфт. Ҳоло он тадриҷан ба нишондиҳандаи соли 2017 — 9,2% баробар мегардад.
Ф.Шукуров

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ