Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон дар Самарқанд

Аъзои ҳайати Қирғизистон таҳти сарварии вазири корҳои хориҷии он Русланбек Казакбаев бо ҳамроҳии мутасаддиёни Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва ҳокимияти вилояти Самарқанд мақбараи Имом Бухориро зиёрат намуданд. Дар ҳаққи султони муҳаддисон Қуръон тиловат гардид.
Меҳмонон дар доираи ташриф бо фаъолияти Маркази илмӣ-тадқиқотии Имом Бухорӣ, ки бо ташаббуси роҳбари давлатамон дар назди Девони Вазирон бунёд ёфтааст, шинос шуданд.
Директори марказ Шовосил Зиёдов дар бораи ташкилёбӣ, фаъолият, мақсад ва вазифаҳои маскани илмии мазкур, корҳои амалишаванда оиди омӯзиши мероси илмиву маънавии аллома ва мутафаккирони бузург, ки дар сарзаминамон ба камол расидаанд, алоқаҳои ҳамкорӣ бо ташкилоти бонуфузи байналхалқӣ, даргоҳҳои таълимӣ нақл намуд.
Экспонатҳо, суратҳои деворӣ, нусхаҳои асарҳои Имом Бухорӣ, инчунин намоиши намунаҳои хаттотӣ, ки аз ҷониби маркази тадқиқи таърих, санъат ва маданияти Ташкилоти ҳамкории исломӣ ҳадя шудааст, ба меҳмонон таассуроти калон гузошт.
Русланбек Казакбаев ба шароити барои тадқиқотчиён фароҳамгардида дар марказ баҳои баланд дода, ба корҳои ояндаи он муваффақият хост.
Хизмати ахбори Маркази илмӣ-тадқиқотии Имом Бухорӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ