Ходимони тиб – қаҳрамонони замони имрӯза

Имрӯз барои ҳифзи саломатии 596 ҳазору 800 нафар аҳолии шаҳри Самарқанд 19 муассисаи муолиҷавӣ-­профилактикӣ, 6 муассисаи статсионарӣ барои 1005 нафар, 13 поликлиникаи амбулаторӣ хизмат мерасонанд.

Дар муассисаҳои мазкур ҳамагӣ 4885 нафар ходим фаъолият доранд, ки аз он 1183 нафарашон шифокор, 2524 нафарашон ходимони миёнаи тиббӣ буда, баҳри саломатии мардум хизмат мекунанд.
Бо мақсади иҷрои фармоиши Вазорати ҳифзи тандурустии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Доир ба чораҳои дар шифохонаҳои бемориҳои сироятӣ ва дигар муассисаҳои Ҷумҳурияти Ӯзбекистон қабул кардани беморони ба инфексияи коронавирус гумонбаршуда ва шаҳрвандоне, ки бо онҳо дар мулоқот шудаанд», пешгирии даромадан ва паҳншавии инфексияи коронавирус дар вилояти Самарқанд, таъмини беҳбудии вазъи санитарӣ-­эпидемиологии ҳудуд штаби махсус ташкил карда шуд. Дар муассисаҳои карантин – госпитал, госпиталҳои провизорӣ, обсерватори изолятор тартиби кор тасдиқ гардид.
Дар «Штаби мубориза бар зидди коронавирус»-и иттиҳодияи тиббии шаҳри Самарқанд барои ҳар як поликлиникаи оилавӣ ходимони махсус, инчунин таҷҳизоти компютерӣ ва дастгоҳҳои телефонӣ ҷудо карда шуд. Ба аҳолӣ маводи паҳнкунандаи брошюра ва нишондодҳо тақсим карда, дар мактабу боғчаҳо корҳои санитарӣ-­тарғиботӣ бурда шуд.
Дар полигони Супер барои шаҳрвандоне, ки бо хатсайрҳои чартерӣ аз хориҷа баргаштаанд, барои 1000 нафар ва дар меҳмонхонаи «Гранд отел Согдиана» статсионари провизорӣ ташкил гардидааст. Умуман, дар тадбирҳои карантин зиёда аз 500 нафар шифокори Иттиҳодияи тиббии шаҳр, қариб 1000 нафар ҳамшира ва ходимони хурди тиббӣ вазифаи функсионалии худро ба дараҷаи аъло иҷро мекунанд. Аз 10-уми августи соли ҷорӣ маркази махсуси тақсимнамоии вилояти Самарқанд ташкил гардида, тамоми беморони вазнин ҷойгир ва муолиҷа карда мешаванд.
Дар баробари ин, дар маҷмӯи варзишии Донишгоҳи давлатии Самарқанд корҳои тайёрии маркази 2-юми барои 500 ҷой муқарраршуда ба анҷом мерасад ва барои ҳар як ҷой кислороди марказонида гузаронда шудааст. Шифохонаи махсуси шаҳраки Ҳарбиён низ то 170 ҷой васеъ карда шуд.
Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 155793 нафар аҳолиро аз санҷиши амиқи тиббӣ гузаронда, дар 69937 нафар бемориҳои гуногун аниқ шуд ва барои 62696 нафар тадбирҳои солимгардонӣ таъин гардид. Аз ҷумлаи 1877 нафар шаҳрвандоне, ки аз хориҷа баргаштаанд, дар 393 нафарашон бемориҳои гуногуни соматикӣ, дар 7 нафар СНИИ, дар 5 нафар касалии сил аниқ карда шуд.
Бояд қайд кард, ки дар шаҳри Самарқанд 27 нафар шаҳрвандони танҳо истиқомат мекунанд, ки ба 26 нафари онҳо аз ҷониби Оҷонсии таъминоти иҷтимоии шаҳр 15 намуди хӯрокворӣ ва маҳсулоти гигиенӣ расонида мешавад. Дар ин муддат 15 нафар шахсони калонсоли ногироидошта ва 3 нафар шаҳрвандони аз хурдӣ ногироидошта бо аробачаи ногироӣ таъмин карда шуданд.
Дар тамоми муассисаҳои тиббӣ барои таъмини беҳбудии вазъи санитарӣ-­эпидемиологӣ, карантин, пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии бемориҳои вазнин ба вилоят тадбирҳо гузаронда мешаванд. Баробари корҳои муолиҷавӣ-­профилактикӣ корҳои ободонӣ, сабзазоркунӣ низ амалӣ мегардад.
Дар асоси Барномаи инвеститсия аз ҳисоби 4937,7 млн сӯм сохтмони бинои нави 3 қабатаи поликлиникаи оилавии рақами 10 ба анҷом расида, бо супориши ҳокими вилоят бинои нави 3 қабатаи поликлиникаи оилавии рақами 9 аз ҳисоби 4,298 млрд сӯм сохта ба истифода дода шуд. Инчунин, сохтмони бинои нави поликлиникаи оилавии рақами 5, ки барои 200 нафар муқаррар шудааст, оғоз гардидааст.
Барои беҳбудии кор дар иттиҳодияи тиббии шаҳри Самарқанд таклиф ва нақшаҳо мавҷуданд. Аз ҷумла, дар шифохонаи марказии шаҳр барои шӯъбаи ҷарроҳӣ бинои нави 4 ошёна сохта шавад. Биноҳои патанатомия, дегхона кӯҳна шуда, қобили истифода нес­танд. Инчунин, биноҳои поликлиникаҳои оилавии рақами 3-юми «Мотрид», филиали рақами 6-уми «Кафтархона», филиали рақами 12-уми «Қавола» низ кӯҳнашуда, сохтани бинои нав мувофиқи мақсад аст.
Аз сабаби сол то сол зиёд шудани аҳолӣ ба ҳар поликлиника ба ҳисоби миёна 49709 нафар рост меояд. Агар ба таври илова боз 4 поликлиникаи нав сохта шавад, ба ҳар полик­линика ба ҳисоби миёна 36453 нафар рост меояд, ки дар натиҷа муаммоҳои мавҷуд ҳалли худро меёбанд.
Барои беҳтарсозии кори муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти зарурии компутерӣ, аз ҷумла Компутер-­томограф, Томографи магнитии резонанс, маммограф таъмин намудани онҳо, барои шӯъбаҳои реаниматсия низ дастгоҳҳои ИВЛ харид намудан, лифтҳои шифохонаи марказӣ ва таваллудгоҳҳои рақамҳои 1 ва 2-ро иваз намудан, дар шифохонаи марказӣ бунёди Истгоҳи марказонидаи кислород, дар иттиҳодияи тиббӣ ташкил намудани пости ёрии таъҷилӣ мувофиқи мақсад мебошад.

А.БОБОҶОНОВ,
сардори Иттиҳодияи тиббии шаҳри Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ