Чорвои наслдор бисёр шавад, нарх арзон мешавад

Дар вилояти Самарқанд 1560-то субъектҳои чорводорӣ,72-то паррандапарварӣ ва 458-то моҳипарварӣ фаъолият доранд. 698-то хоҷагиҳои фермерии ба чорводорӣ ихтисосонидашуда 53271 сар чорвои шохдори калон парвариш мекунанд. Бино ба Барномаи ривоҷи наслпарварӣ 111-то хоҷагии фермерии наслофарӣ овардани1500 сар чорвои шохдори калонро ба нақша гирифта, то имрӯз 1377 сар чорво овардаанд.
Дар ҳаёти рӯзмарраамон ба аҳолӣ дар асоси нархҳои барқарор расонда додани гӯшт ва маҳсулоти гӯшт яке аз масъалаҳои долузарби ходимони соҳа мебошад.
Чорводорон эътироф менамоянд, ки яке аз омилҳои арзонкунии нархи гӯшт ва маҳсулоти гӯшт барои насли чорво низ вобаста аст. Бо ин мақсад дар вилоят овардани чорвои наслдор аз давлатҳои хориҷӣ эътибори алоҳида дода мешавад
Дар асоси қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 29-уми январи соли ҷорӣ «Дар бораи чораву тадбирҳои иловагии аз ҷониби давлат дастгирии сохтори чорводорӣ» таҳти рақами ҚП‑4576 додани имтиёз ба хоҷагиҳои фермерии кластерӣ, наслофарӣ ва гӯсфанду буз барои беҳсозии насли чорвои калони шохдор хизмат карда истодааст.
Бо ин мақсад хоҷагии фермерии «Рахимжон Ражабов чорваси» аз ҳисоби маблағи кредити Бонки тиҷоратии аксионерии «Халқ банки» дар ноҳияи Нарпай аз Эстония 60 сар ғуноҷини насл­дори 830 миллион сӯмина, хоҷагии фермерии «Н.К. Мрамор» – и ноҳияи Самарқанд низ аз Эстония 54 сар чорвои наслдори «Қизил Эстон» оварда шуд.
Барои маълумот, дар ноҳияи Нарпай аз 41-то 2-то хоҷагии фермерии чорводорӣ ба наслофарӣ ихтисосонида шудааст. Имрӯзҳо дар ин ҷо 480 сар чорвои наслдор парвариш карда мешавад. Соли гузашта аз хориҷа 359 сар чорвои наслдор оварданд. Соли 2020 дар равияи чорводорӣ амалигардонии 13 лоиҳаи арзиши умумиаш 11 миллиарду 300 миллион сӯмина ба нақша гирифта шудааст.
– Дар ноҳияи Самарқанд аз 38 хоҷагии фермерии чорводорӣ 14-тоаш ба наслпарварӣ ихтисосонида шудааст. Дар давоми 9 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ 4376 тонна гӯшт (дар вазни зинда), 3449 тонна маҳсулоти ширӣ ба истеъмолгарон расонда шуд, – гуфт нозири калони шӯъбаи назорати корҳои шӯъбаи наслофарии ноҳияи Самарқанд Хуршед Хуррамов.

Хизмати ахбори
Садорати вилоятии «Ӯзагроинспексия».

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ