Консепсияи рушди илм то соли 2030

тасдиқ карда шуд

Дар мамлакати мо бо мақсади пешбурди соҳаҳои иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоӣ, истифодаи васеи нерӯи илмию инноватсионӣ бо сафарбаркунии пурраи захираҳои илмию зеҳнӣ ва молиявӣ, муайян намудани самтҳои афзалиятноки ислоҳоти пайвастаи илм, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси мустақилфикр, дорои дониши замонавӣ, ба сатҳи босифат ва боло бардоштани корҳо оид ба навсозии инфрасохтори илмӣ Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тасдиқ кардани консепсияи рушди илм то соли 2030» имзо гардид. Бояд гуфт, ки қабули ин фармон чорабиниҳо ва корҳои татбиқшавандаро дар соҳаи таълим ва илму фарҳанг ба зинаи нав хоҳад баровард.
Дар асоси ин ҳуҷҷати меъёрии муҳим Консепсияи рушди илм то соли 2030, инчунин нишондиҳандаҳои мақсаднок ва индикаторҳои он тасдиқ карда шуд. Дар ин консепсия ба як қатор самтҳо, аз ҷумла такмили низоми идоракунии соҳаи илм, системаи маблағгузории илм ва фаъолияти илмӣ, инчунин диверсификатсияи манбаъҳои маблағгузорӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва муҳандисӣ ва ба самти фаъолияти илмӣ равона намудани онҳо, ташкили инфрасохтори муосири рушди илм, ташаккули муҳити замонавии иттилоотии барои рушди илм эътибори алоҳида дода шудааст. Аз рӯйи ҳар як самт вазифаҳои амиқ муқаррар карда шудааст. Масалан, барои арзёбии самаранокии фаъолияти илмию инноватсионии ташкилотҳои илмӣ системаи рейтингии миллӣ татбиқ карда мешавад. Инчунин, то соли 2025 ҳиссаи ҳамаи маблағҳое, ки ба илм ҷудо карда мешаванд, нисбат ба маҳсулоти умумии дохилӣ 6 маротиба, то соли 2030 бошад 10 маротиба зиёд карда мешавад. Ҳиссаи маблағҳое, ки аз ҷониби сектори хусусӣ барои корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ дар ҳаҷми умумии маблағгузории илм ҷудо карда мешаванд, то соли 2025 аз 8 фоизи имрӯза то 20 фоиз, дар соли 2030 – ба 30 фоиз меафзояд. Ғайр аз ин, соли оянда дуто ва дар соли 2025 – даҳ фонди венчурӣ якҷоя бо ширкатҳои пешрафтаи сармоягузории хориҷӣ бо мақсади маб­лағгузории коркардҳои инноватсионӣ ва лоиҳаҳои стартап таъсис меёбад.
Дар самти тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва муҳандисӣ ва ба самти фаъолияти илмӣ равона намудани онҳо низ чорабиниҳои амиқ татбиқ мегардад. Аз ҷумла, ҳиссаи кормандони баландихтисоси илмӣ (номзадҳои илм, доктори фалсафа ва илмҳо) то соли 2025 ду маротиба, то соли 2030–3 баробар зиёд карда мешавад.
Қобили эътироф аст, ки мувофиқи фармон 7 маҷмӯи замонавии лабораторӣ ташкил карда мешавад ва ҳамаи онҳо бо таҷҳизоти ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалии GLP ва GMP ҷиҳозонида мешаванд.
Дар фармон зикр гардидааст, ки аз 1-уми январи соли 2021 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба таври доимӣ системаи таълим ва такмили ихтисоси роҳбарони ташкилотҳои илмӣ ҷорӣ карда мешавад. Албатта ин барои тайёр кардани кадрҳои ботаҷриба ва бомаҳорат мусоидат менамояд. Инчунин, дар ҳар як ташкилоти илмӣ вазифаи маслиҳатчӣ оид ба илм ва фаъолияти илмӣ ҷорӣ карда мешавад, ки ба он арбобони маъруфи илмӣ ва олимони бонуфуз таъин карда мешаванд ва ин мушовир инчунин, Шӯрои илмии ташкилотро роҳбарӣ мекунад. Дар ҳар як соҳаи илм бо мақсади ташаккул додан ва таъмин кардани фаъолияти самарабахши ин соҳаҳо, инчунин баланд бардоштани масъулияти мактабҳои илмӣ, арбобони илмӣ ва олимони варзида дар ин самт ҷамоаҳои илмӣ таъсис дода мешаванд.
Бо мақсади дастгирӣ ва ба таври васеъ ҷалб намудани ҷавонони боистеъдод ба илм, ки дар минтақаҳо ба фаъолияти илмӣ машғуланд, инчунин, созмон додан ва баланд бардоштани иқтидори илмии мактабҳои бонуфузи илмӣ, мутобиқи фармон аз 1-уми январи соли 2021 Барномаи «Зудҳаракатии академӣ» ҷорӣ карда шуд.
Яке аз муҳимтарин чорабиниҳое, ки дар асоси фармон ҷорӣ карда мешавад, ба роҳ мондани Системаи ягонаи электронии ҳамоҳангсозии тайёркунии кадрҳо бо дараҷаи илмӣ мебошад. Тавассути ин система бонки маълумотҳо оид ба коромӯзон-­муҳаққиқон, унвонҷӯён, роҳбарони илмӣ ва мушовирон, инчунин қайди иҷрои кор тибқи нақшаи инфиродии коромӯз-­муҳаққиқон ва унвонҷӯён ташаккул дода мешавад. Инчунин, фаъолияти донишкадаҳо оид ба тайёр кардани кадрҳои дорои дараҷаи илмӣ назорат карда мешавад.

Аршадбек ИСКАНДАРӢ,
директори мактаби таълими умумии рақами 54-и ноҳияи Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ