Санъати ба «гигант»-и ҷаҳонӣ табдил додани тиҷорати хурд

ё ки соҳибкори маъруф корхонаи хурди падарро чӣ хел ба яке аз брендҳои пешсафи ҷаҳон табдил дод?

Ли Гон Хи, сарватмандтарин марди Кореяи Ҷанубӣ ва раиси Samsung, рӯзи 25-уми октябр дар синни 78-солагӣ даргузашт. Тибқи маълумоти ширкат ӯ дар Сеул, дар давраи оилааш вафот кардааст.
Сабаби марги тадбиркор ифшо карда нашудааст. Ӯ 6 сол қабл сактаи қалбро аз сар гузаронд ва аз он замон то ба имрӯз дар бораи вазъи саломатияш ҳеҷ иттилое маълум набуд. Дар тӯли ин солҳо, Samsung-­ро писари ӯ Ли Чже Ён самаранок идора мекард.
Таҳти роҳбарии Ли Гон Хи, Samsung аз як истеҳсолкунандаи оддии маҳаллии телевизорҳо ба як гиганти ҷаҳонии технология табдил ёфт. Samsung дар феҳристи гаронтарин брендҳои ҷаҳон дар ҷойи 8-ум қарор дорад.
«Ба ҷуз зану фарзандонатон метавонед ҳама чизро иваз кунед»
Равиш ва фалсафаи тадбиркорро иқтибоси дар боло овардашуда возеҳ тасвир мекунад. Ӯ соли 1993 дар мулоқот бо тамоми муовинон ва ёрдамчиёни консерн ба тағйироти куллӣ дар фаъолияти ширкат ҳамаро даъват кард.
Ли мегӯяд, саҳнае, ки он солҳо ҳангоми дар Лос-­Анҷелес буданаш шоҳид буд, ба вай таъсири калон гузошт. Ӯ гуфт, ки телевизорҳои Samsung назар ба рақибони ҷопонии худ 100 доллар арзонтар бошад ҳам харидорон техникаи хонагии истеҳсолкунандагони Ҷопонро фаро мегирифтанд. Ӯ мебинад, ки онҳо аз харидани он хурсанданд, гарчанде, ки хеле гаронтар аст.
Ғайр аз ин, дар он замон тавассути телевизион намоиш дода мешуд, ки коргарони Samsung қисмҳои барзиёди пластикии мошини ҷомашӯиро бо даст мебуридаанд.
Ҳамин гуна ҳолатҳо Samsung-­ро водор кард, ки ӯ дар соли 1987 идоракунии компанияро аз падари худ Ли Бён Чхол гирад ва ислоҳоти ҷиддиро амалӣ кунад. Дар асоси супориши «Ба ҷуз зану фарзандонатон метавонед ҳама чизро иваз кунед», ки ба як иқтибоси маъмул табдил ёфтааст, аз соли 1993 инҷониб Samsung ба коҳиш додани ҳиссаи бозор ва фурӯш таваҷҷӯҳ нанамуда, танҳо ба сифат ва технологияи маҳсулот эътибор медиҳад.
Ояндабинӣ дар тиҷорат дастуруламали олист
Ли Гон Хи, ба монанди соҳибкорони калон, метавонист ояндаро пешгӯӣ кунад ва қисман онро бо ташаббуси худ месохт. Соли 1974, вақте ки ӯ як ширкати нимноқилҳои Korea Semiconductors-­ро харид, падари ӯ, роҳбари ҳамонвақтаи Samsung, инро беҳуда харҷ кардани пул донист ва ба писараш маслиҳат дод, ки бояд дар саноати бофандагӣ ва тиҷорати осиёб маблағ мегузошт, на ба нимноқилҳо…
Аммо Ли Гон Хи пешбинӣ кард, ки нимноқилҳо тепловозҳои навбатии Samsung хоҳанд шуд. «То кай мо комилан ба технологияҳои хориҷӣ тобеъ мешавем? Барои аз колонияи технологӣ халос шудан ҳама корро бояд кунем» – гуфт ӯ.
Дар соли 2003, Ли Гон Хи эълом дошт, ки ширкат истеҳсоли телевизорҳои кинескопиро қатъ мекунад ва танҳо телевизори навтарин – крис­тали моеъро мебарорад.
Аммо он замон, беш аз чоряки тамоми даромади Samsung-­ро фурӯши телевизорҳои кинескопӣ ташкил мекард. Ли пешгӯӣ карда буд, ки ин навъи телевизион маҳсули асри ХХ аст. Эҳтимол телевизорҳои чанг­зеркардае, ки дар мағозаҳои Амрико ба фурӯш намерафтанд, ҳамеша зеҳни роҳбари Samsung-­ро банд кардааст.
Дар натиҷа, то соли 2006, Samsung Electronics аз рақиби асосии худ дар бозори ҷаҳонии телевизион – конгломерати ҷопонии Sony пеш гузашт. Телевизорҳои Samsung низ дар бозори Амрико маҳсулоти харидоргир шуданд.
Таҳсил дар Ҷопон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки бетаъсир намондааст
Ли Гон Хи 9-уми январи соли 1942, дар шаҳри Тэгуи Корея таваллуд шудааст. Вазъи молиявии оила бад набуд. Ширкати Samsung 4 сол пеш аз таваллуд шудани Гон Хи аз ҷониби падараш Ли Бён Чхол таъсис ёфтааст. Ин оила ҳашт фарзанд, аз ҷумла се писар дошт ва гарчанде ки Гон Хи писари хурдӣ бошад ҳам, вай мероси зиёди падари худро ба даст овард.
Пас аз он ки Ли муддате дар мактаби Корея таҳсил кард, падараш ӯро барои хондан ба Ҷопон фиристод. Вай дараҷаи бакалаврро дар Ҷопон ва дараҷаи магистрии Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони Амрикоро дорад. Баъд ӯ дар ширкатҳои Samsung ба кор шурӯъ кард.
Дар соли 1987, пас аз ду ҳафтаи марги Ли Бён Чхол, Гон Хии 45-сола идораи Samsung-­ро ба даст гирифт. Дар 33 соли охир сармояи конгломерат 348 маротиба, фоидаи софи он садҳо маротиба афзудааст.
Албатта, Samsung дар солҳои 1980 ширкати муваффақ набуд гуфтан намешавад. Дар он солҳо низ ширкат аз рӯи андозаи бозори маҳаллӣ дар сатҳи як ширкати бузурги ҳолдингӣ қарор дошт. Аммо дар «баҳр» набошад ҳам, ба ҳар ҳол ҳамчун «яке аз моҳиҳои асосии ҳавз» боқӣ монда буд. То соли 2014, вақте ки Ли Гон Хи сактаи қалбӣ гирифта, бистарӣ шуд ва идораи ширкатро ба писараш супурд, Samsung ба як техно-­империяи азим табдил ёфт, ки дар ҳафт қитъа обрӯ дорад. Дар ҳамин ҳол, Samsung бузургтарин гурӯҳи тиҷории Корея боқӣ мемонад.
Тибқи гузоришҳо, Ли Гон Хи дар бораи сармоягузорӣ ба технологияҳои нав аз солҳои 70-ум инҷониб даъват мекунад. Вай пас аз боздид аз як қатор ширкатҳои истеҳсолии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷопон ба чунин хулоса омад, ки ин далели хато набудани қарори падари соҳибкор дар фиристодани фарзандаш ба мактабҳои хориҷӣ аст.
Андози мерос
Соли 1966 Ли бо Хон На Хи шинос шуда, пас аз як сол бо ӯ издивоҷ кард. Онҳо се фарзанд – як писар ва ду духтарро ба воя расонданд. Писари ягона Ҷэ Ён, вориси асосии Samsung аст. Пу Ҷин ва Со Хен, духтарони марҳум, идоракунандагони филиалҳои Samsung мебошанд.
Тавре, ки дар боло таъкид карда шуд, Ли Гон Хи сарватмандтарин марди Кореяи Ҷанубӣ буд. Тибқи маълумоти Forbes, дороии ӯ 20,9 миллиард долларро ташкил медиҳад ва аз рӯи маълумоти Хадамоти назорати молиявии Корея, он 18,2 триллион вон (беш аз 16 миллиард доллар) мебошад. Ҳоло маълум нест, ин пул чӣ тавр дар байни се фарзанд ва зани ӯ тақсим мешавад.
Таҳлилгарони Reuters гуфтанд, ки ворисон дар тақсими сарват ҳамҷиҳатиро нишон медиҳанд. Баръакс, ин дар рақамҳои молиявии ширкат таъсири худро мерасонад.
Аммо маълум аст, ки пас аз марги Ли Гон Хи, хазинаи Корея миқдори рекордии андози меросро мегирад. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, меросхӯрҳо аз 18 триллион вон беш аз 55 фоизи он (10 триллион вон)-ро ҳамчун андоз месупоранд.

Шаҳзод КЕНҶАЕВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ