Симошиносӣ чист? Бинидароз-­маккор, чашмтанг-­вафодор?

Оё медонед, ки илме бо номи симошиносӣ (чеҳрашиносӣ) вуҷуд дорад. Ин илм хислату рафтори инсонро аз рӯйи зоҳир муайян мекунад. Мехоҳед, бо инсонҳо сӯҳбат накарда, дар бораашон каме маълумот гиред? Агар ҳа, пас, навиштаҳои зер барои шумост.
Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо на танҳо бонувон, балки бархе аз мардон низ аз маводҳои ороишӣ истифода мебаранд.
Бинобар ин, аксарияти одамон омӯзиши илми симошиносиро зарур намешуморанд. Вале ба назари мутахассисони ин соҳа илми симошиносӣ на аз рӯйи рангу ороишоти дигар, балки аз рӯйи шакли рӯй, бинӣ, пешонӣ ва ғайра инсонро ташхис медиҳад.
Ҳанӯз дар Юнони Қадим нафароне буданд, ки истеъдоди аз рӯйи симои шахс муайян кардани хислати онҳоро доштанд. Қисми зиёди пешгӯиҳои ин шахсон ба вуқуъ меомаданд, вале ба ҳарфи ин гуна инсонҳо бо сабаби далеле надоштан ҳеҷ кас бовар наменамуд.
Олимони зиёд кӯшиши ба қатори дигар илмҳо ворид кардани симошиносиро намудаанд, то дар таълимгоҳҳо омӯзонда шавад, вале боз ҳам бо сабаби далел надоштан ин амалро иҷро карда натавонистанд.
Чарлс Дарвинро яке аз пайравони ин илм меҳисобанд. Ягона далели мутахассисони ин соҳа он аст, ки ташхисҳояшонро дар ҳазорҳо одамон санҷида баромадаанд, вале нафарони ба ин ақида зид мегӯянд, ду шахси зоҳиран монанд, метавонанд, хислатҳои гуногунро доро бошанд. Ба ҳар ҳол ҳақиқат будани ташхисҳои илми симошиносӣ дар натиҷаи санҷишҳои зиёд то 60–70 фоиз нишон дода шудааст. Аз ин рӯ, қарор кардем, ки чанд ташхиси чеҳраро аз ин илм бароятон бозгӯ кунем.
Чеҳраи гирд
Аксари дорандагони чунин чеҳра бисёр ҳалиму меҳрубонанд. Дили софу бекинаро соҳибанд. Ба ҳар як чизу ҳар кас дилсӯзӣ менамоянду ба зиндагӣ эҳтиёткорона муносибат намуда, арзиши инсонро дар мадди аввал мегузоранд.
Чеҳраи дароз
Касоне, ки чеҳраи дароз доранд, ба эҳсосот ба зудӣ дода намешаванд, аммо дар иҷрои кор бомасъулиятанду бо ҷиддият ба кор машғул мегарданд.
Пешонии калону манаҳи дароз
Агар пешонии касе нисбати рӯйу манаҳаш калон бошаду шакли аҳроми чаппаро ташкил кунад, пас аз чорчӯбаи ақлу фаҳмиши худ берун намебарояд. Яъне, ин гуна касонро ҳеҷ касу ҳеҷ чиз наметавонад, ба роҳ дарорад ва баръакс аз роҳ гардонад. Инчунин, ин гуна шахсон танбал низ ҳастанд. Корро дар вақташ иҷро намекунанд, вале кӯшиш менамоянд, ки дер ҳам бошад, ба хубӣ амал намоянд.
Чеҳраи дилмонанд
Чунин шахсон қалби бузургеро соҳибанд. Дили кушоду иродаи қавӣ доранд. Аммо ба касе сирри дил гуфтанро дӯст намедоранду кӯшиш менамоянд, ки дарду асрорашонро дар дили худ нигоҳ доранд.
Чашмони калони шаффоф
Чунин чашмон далолат аз дилсофиву бепарвогии соҳибонашон мекунанд. Касоне ки чунин чашм доранд, киннаву адоватро наметавонанд, дер нигоҳ доранд. Зиёд бомулоҳизаанду кӯшиш менамоянд, ки касеро наранҷонанд.
Чашмони гирди хурд ва тезҳаракат
Касоне, ки чунин чашм доранд, бисёр маккор ва фиребгаранд. Ин гуна касон манфиати худро аз ҳама боло гузошта, ҳамеша барои беҳбудии худ меандешанд.
Чашмони хурди бодомин
Соҳибони чунин чашм камсухананд ва дар вақти зарурӣ ба сухан оғоз менамоянду дар бисёр ҳолатҳо хомӯш буданро авло медонанд. Инчунин, ин гуна касон мушоҳидакор низ ҳастанд. Ба кору рафтори ҳар яке бо диққат нигариста, дар хотир мегиранду сухану амали дигаронро таҳлил низ менамоянд. Хислати бадашон ҳасад ба ҳисоб меравад.
Бинии дарози нугпоён
Агар бинии касе дарозу нӯгаш поён бошад, ӯ бисёр ҷиддиву содиқ ва устувор аст. Вақтро самаранок истифода мебараду эътимоди дигаронро соҳиб мегардад. Инчунин, қодир аст, то аз ӯҳдаи ҳар кори дар нақшадоштааш бо сарбаландӣ барояд.
Бинии хурди нисбатан кӯтоҳ
Соҳибони чунин бинӣ серҷаҳланд. Зуд хашмгин мегарданд. Ва дар ҳолати ранҷишу бадбинӣ метавонанд, ба дигарон зарар расонанд. Вале дар ҳолати паст гардидани хашму ғазабашон, кӯшиш мекунанд, муросо намоянд.
Бинии нисбатан паҳни гӯштин
Соҳибони чунин бинӣ бисёр эҳсосиянд. Меҳрубону дар симои ҳар кас дӯстиро дарёфтан мехоҳанд. Қадри инсонро дар мадди аввал мегузоранд ва омодаанд, ки дар ҳолатҳои душвори зиндагӣ дастгири наздикон бошанд.
Лабони паҳни кунҷдор
Касоне, ки чунин лаб доранд, дилсофу меҳрубон ва дасткушод мебошанд. Бо ҳама кас дӯстӣ пайдо карда метавонанд. Қодиранд, то дӯстону пайвандонро аз худ розӣ созанд. Инчунин, саховатпешаву хайрхоҳанд. Ба ҳама кас дасти ёрӣ дароз кардан мехоҳанд. Ба мушкилотҳо зиёд диққат намедиҳанду то охири умр барои нигоҳ доштани саломатии худ зиёд мекӯшанд.
Лабони маҳину нисбатан борик
Дорандагони чунин лаб эҳтиёткору нозукандешаанд. Зебоиро дӯст медоранду оҳистакоранд. Ин аст, ки аксари соҳибони чунин лаб наққошу шоир ва кулолгару кандакоранд.
Агар қисмати болоии лабони касе нисбати қисмати поёнӣ паҳни кунҷдор бошад, пас фиребгар аст. Мардумро бо роҳҳои гуногун ғорат кардан мехоҳад ва нафъи худро аз тамоми ҳастӣ боло мегузорад.

Таҳияи МАВЛУДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ