Акаҷон ематон «омухта» не, «омехта»

Ибораи «омухта ем» барои аксарият шинос аст. Ҳатто, касе агар бори аввал мешунавад, ё мехонад, мефаҳмад, ки он як навъи ем – хӯроки чорво мебошад. Аммо, номи ин емро кӣ чунин гузоштааст? Ибораи подарҳаво «маҳсули эҷод»-и кист? Имрӯз дар ҳама ҷо мағозаҳои емфурӯшӣ дар пештоқи худ ин ибораи ғалатро навиштаанд.
Худ маълум аст, ки «омухта» ин «омӯхта»-и тоҷикист, аммо он нафаре, ё нафароне, ки ба ин навъи ем ном гузоштаанд, зоҳиран «омехта»-ро бо «омӯхта» иваз кардаанд. «Омухта ем» дар асл ҳамон комбикорм аст, ки чанд сол пеш тарҷума шудааст, вале ҳангоми тарҷума ба иштибоҳ роҳ додаанд.
Дар сайти tadbirkor-­fermer.uz низ тавсифи «омухта ем» омадааст:
«Омухта ем (комбикорм) аз омехтаи якчанд навъи емҳои консентратӣ иборат буда, барои парвариши чорво аз рӯйи ретсепти махсуси тасдиқгардида тайёр карда мешавад…».
Дигар шубҳае намонд, ки «омухта ем» ин еми омехта аст ва дар забони ӯзбекӣ онро бояд «омихта ем» бинависанд ва хонанд, на дар шакли ғалати ҳозирааш.
Чандин сол пеш, дар шабакаи телевизионии «Ёшлар» баъди барномаи иттилоотии «Давр» барномаи хурди биржа бо унвони «UZEX» пахш мешуд, ки ҳоло он ба шабакаи «UZREPORT-TV» кӯчидааст. Бешубҳа, ҳамин барнома аксариятро бо «омухта ем» шинос кардаву ҳоло низ мекунад ва бисёриҳоро ба ғалат ёд додаасту ҳанӯз ёд медиҳад. Дар кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар мегардӣ ва мебинӣ, ки мағозаҳои ем дар пештоқи худ навиштаанд – «Омухта ем». Албатта дар баъзе ҷойҳо ин емро бо шакли дуруст – «омихта ем» (ба забони ӯзбекӣ) менависанд, аммо ин ҳолатҳо ангуштшуморанд. Чунки, ба зеҳни мардум шакли ғалати он мисли мӯҳр зада шудааст. Бояд аввал ба гӯши телевизион ва радиоҳо расонд, ки ҳангоми пахши хабарҳо оиди ем – «омихта ем» (агар барномаи тоҷикӣ бошад, албатта «еми омехта») нависанд ва гӯянд. Чун онҳо дар сурати кӯтоҳ метавонанд, одамонро бо шакли дурусти номи ин ем ошно кунанд. Хато дар ҳар сурат хато аст, хоҳ калон бошад, хоҳ хурд. Хатоҳо бояд ислоҳ шаванд. Бе ин ҳам, дар ҳама ҷо навиштаҳои мо пур аз ғалат шудаанд, чӣ телевизион бошаду чӣ шабакаҳои иҷтимоӣ, чӣ реклама ва чӣ дафтару китобҳо…

Умед ФАРҲОДЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ