Барномаи «Духтури деҳот» барои низоми кӯмаки аввалияи тиббӣ дар ноҳияҳои дурдаст ҷорӣ карда мешавад

Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 6 ноябр оид ба чорабиниҳои такмили звенои кӯмаки аввалияи низоми нигаҳдории тандурустӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

Таҳти раёсати Президент 
Шавкат Мирзиёев 6 ноябр оид ба чорабиниҳои такмили звенои кӯмаки аввалияи низоми нигаҳдории тандурустӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ  ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.
Дар оғози вохӯрӣ, мушкилоти дар фаъолияти бунгоҳҳои тиббии деҳот ва поликлиникаҳои оилавӣ ҷойдошта таҳлил карда шуданд. Дар соли 2019 60 фоизи фавтҳо аз сабаби бемориҳои дилу раг ба амал омаданд, ки онҳоро бо қувваи ёрии аввалияи тиббӣ пешгирӣ кардан мумкин буд. Дар нисфи мизоҷоне, ки аз бемории саратон азият мекашанд, беморӣ пас аз гузаштан ба марҳилаи  дуюм ё сеюм муайян карда мешавад. Аз сабаби сифати пасти кори звенои кӯмаки аввалия аҳолӣ бевосита ба беморхонаҳои марказӣ муроҷиат мекунанд.
Ҳамаи ин аз набудани шароит, номутаносибии байни ҳаҷми кор ва имкониятҳои воқеии кормандони тиб мебошад. Инак, ба вазифаҳои табибони амалиёти умумии бунгоҳҳои тиббии деҳот ташхис ва табобати 146 намуди бемориҳо, ташхиси аввалия ва додани роҳхат бинобар 213 намуди бемориҳо, инчунин доираи васеи вазифаҳо оид ба барқарорсозӣ, диспансеризатсия ва пешгирии он дохил мегарданд.
Ба ин муносибат Президент зарурати аз нав дида баромадани низоми хидматрасонии тиббиро дар бунгоҳҳои тиббии деҳот ва поликлиникаҳои оилавӣ, вазифаҳо ва функсияҳои табибон ва кормандони звенои миёна таъкид кард.
Вазифаи аввалиндараҷа табдил додани табибони умумӣ ба табибони оилавӣ дар асоси таҷрибаи пешқадами хориҷӣ мебошад. Барои мусоидат намудан ба фаъолияти онҳо гурӯҳҳои тиббии терапия, педиатрия, акушерӣ ва патронажӣ ташкил карда мешаванд. Ин гурӯҳҳо бо оилаҳои ба онҳо вобасташуда мақсаднок дар асоси харитаи махсус тартибдодашуда кор хоҳанд кард. Ба ҳолати саломатии аҳолӣ баҳо дода шуда, пойгоҳи маълумотҳои электронӣ ташкил карда мешавад. Барои ин ба гурӯҳҳои тиббӣ планшетҳо ва воситаҳои ташхиси сайёр дода мешаванд.
Барои кӯдакони то 5-сола, занони ҳомила, занони синни репродуктивӣ ва аз 35-сола боло, инчунин шахсони аз 40-сола боло назорати доимии тиббӣ муқаррар карда мешавад, онҳо мунтазам аз муоинаи скрининг гузаронида мешаванд. Патронажи инфиродии одамоне, ки ба  гурӯҳи хавфнок дохил мешаванд,  ба роҳ монда мешавад.
Минбаъд роҳхатҳо барои кӯмаки ройгони тиббӣ ва дорухат ба дорувории ройгон аз ҷониби духтурони оилавӣ дода мешавад. Вобаста аз нишондиҳандаҳои саломатии сокинони маҳалла кори онҳо ҳавасманд карда мешавад.
Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки ин системаро тадриҷан дар шаҳру ноҳияҳо ҷорӣ кунанд, гурӯҳҳои тиббиро дар асоси таҷрибаи пешқадам аз нав таълим диҳанд, меъёрҳои арзёбӣ ва тартиби ҳавасмандгардонии фаъолияти табибони оилавиро таҳия кунанд.
Дар маҷлис масъалаи кадрҳо ҳамаҷониба баррасӣ шуд. Дар бунгоҳҳои тиббии деҳот ва поликлиникаҳои оилавӣ зиёда аз 20 ҳазор штати табибон вуҷуд дорад, аммо ҳамагӣ 12 ҳазор нафар мутахассис кор мекунанд. Чунки касби духтури амалиёти умумӣ барои хатмкардагони мактабҳои олии  тиббӣ ҷолиб нест. Низоми ҳавасмандкунии кормандон вуҷуд надорад ва ба баланд бардоштани ихтисос ва болоравии мансабии онҳо диққати зарурӣ дода намешавад.
Ба ин муносибат Президент зарурати ҷалби хатмкунандагонро ба БТД ва поликлиникаҳои оилавӣ бо роҳи фароҳам овардани шароити муносиб барои онҳо таъкид кард.
Бо ин мақсад, барномаи «Духтури деҳот» барои низоми кӯмаки аввалияи тиббӣ дар ноҳияҳои дурдаст ҷорӣ карда мешавад. Тибқи ин барнома, ба кормандони тиббии звенои аввалия дар ноҳияҳои дурдаст ба миқдори 30 миллион сӯм кӯмаки якдафъаина, инчунин манзили хидматӣ ё ҷубронпулӣ барои манзилҳои иҷора дода мешавад.
Дастур дода шуд, ки квота дар донишгоҳҳои тиббӣ зиёд карда шуда, ниёз ба табибон дар қисмати маҳаллаҳо муайян карда, ҳангоми ҷудо намудани манзили ипотека ба мутахассисони зинаи кӯмаки аввалия афзалият дода шавад.
Дар асоси талаботи аҳолӣ, соли оянда ташкили 100 бунгоҳи тиббии деҳот ва 24 поликлиникаи ои

лавӣ ба нақша гирифта шудааст. 
Дар мисоли таҷрибаи Сирдарё вазифаи ҳар як звенои низоми тандурустӣ дуруст муайян карда шуда, маҷмӯи хидмати тиббӣ ва дорувории алоҳида, ки аз ҷониби давлат кафолат дода шудааст, таҳия мегардад. Барои таъминоти молиявии ин маҷмӯи корҳо механизмҳои бимаи тиббии давлатӣ татбиқ гардида, фонди алоҳида ба вуҷуд оварда мешавад.
Таъкид шуд, ки як духтур 60 фоизи рӯзи кориро барои хонапурӣ намудани 10-15 ҳисоботи коғазӣ сарф менамояд. Рақамӣ намудани ин ҷараён чун вазифа гузошта шуд.
Бинобар маълумоти ТҶТ хидматрасонии тиббӣ омилест, ки танҳо 10 фоизи саломатии инсонро таъмин менамояд. Ҳамзамон омилҳои генетикӣ 15 фоиз, муҳити зист 20 фоиз,  тарзи ҳаёт, ки бештар аз ҳама муҳим аст, 55 фоизро ташкил медиҳад. Пандемияи коронавирус бори дигар собит намуд, ки оқибатҳои хеле мураккаб  чӣ миқдор тарзи носолими ҳаётро дар пай дорад.
– Ҳамаи мо бояд дарк намоем, ки истеъмоли дуруст ва фаъолнокии ҷисмонӣ ин гарави огоҳии бисёр бемориҳо ва нигоҳ доштани ҳаёти инсон аст, – гуфт Президент. 
Таъкид шуд, ки ходимони зинаҳои ибтидоӣ ба аҳолӣ бояд аҳамияти тановули дуруст ва тарбияи ҷисмониро   фаҳмонанд.
Тавре ки таҳлил нишон медиҳад, норасоии кислотаи фолӣ ва оҳан дар 40 фоизи занон дар 55 фоизи кӯдакон дар синни то 5 сол камхуние, ки дар оқибати норасоии оҳан ба вуҷуд меояд, дучор мегардад. 70 фоизи бачаҳои синни томактабӣ ва мактабӣ аз бемориҳои паразити рӯда азият мекашанд.
Аз ин рӯ аз 1 июни соли оянда ба бачагони то 5-сола витамин ва моддаҳои фоидаовари микронутриент, бачаҳои то 10-сола дорувории зидди паразитӣ, ба занони ҳомила, модарони кӯдакони ширхор ва бачаҳои то 15-сола дорувории йод, занони то 35-сола кислотаи фолӣ ва феррум бепул пешниҳод карда мешавад. Ин доруворӣ ва витаминҳо аз ҷониби духтурони оилавӣ тақсим карда мешаванд.
Дар ҷамъомад таъкид шуд, ки дар ҳар як минтақа муассисаҳои табобатӣ бо ҷалб намудани сектори хусусӣ ва бо назардошти махсусияти худи минтақа ба вуҷуд оварда шавад.
Барои мисол дар Фарғона ва Сирдарё бемориҳои респиратор, дар Қашқадарё – эндокрин, дар Тошканд – меъдаву рӯда, дар Андиҷон – дилу хун, дар Қароқалпоқистон ва Хоразм бемориҳои гурда бештар дучор мегарданд.
Дар бобати дар минтақаҳо ташкил намудани филиалҳои клиникаҳои машҳури хориҷӣ аз рӯйи самтҳои ишорашудаи тиббӣ, ба ин кор ҷалб намудани сектори хусусӣ супоришҳо дода шуд.
Зикр гардид, ки дар байни 17 маркази тиббии махсуси ҷумҳурӣ ва муассисаҳои тиббии маҳалҳо робита барқарор намудан, инкишофи табодули таҷриба бо истифодаи тиббиёти телевизионӣ, кушодани филиалҳои минтақавии марказҳои махсус бинобар навъ ва динамикаи бемориҳо ногузир мебошад.
Дар ҳоли таъкид аз ҷамъомади видеоселекторӣ, ки дар арафаи Рӯзи ходимони тиббӣ баргузор мегардад, роҳбари давлат тамоми намояндагони соҳаро бо ҷашнашон табрик намуд.
– Шароити имрӯз тақозо менамояд, ки мо ҳатто дар рӯзҳои ид, лаҳзаҳои тантанавӣ дар бобати мушкилоте андеша намоем, ки дар наздамон ҳаёт мегузорад ва ҳалли самараноки онҳоро пайдо намоем. Дар назди низоми тандурустӣ мисли тамоми соҳаҳои дигар, вазифаҳои мураккаб қарор доранд. Барои ҳар як ходими тиббӣ, ки худро барои саломатии инсон масъул мешуморад, ҳамеша такмил додани дониш ва таҷрибаи худ, азхуд намудани технология ва методҳои нави табобат чун мақсади муҳими ҳаётӣ мегардад. Боварӣ дорам, ки шумо, меросдорони муносиби гузаштагони бузургамон мисли Абӯалӣ ибни Сино, идомадиҳандагони анъанаи мактаби тиббии Ӯзбекистон рисолати шарафноки худро сарбаландона иҷро менамоед ва ҳамзамон фаъолиятатонро дар асоси маҳакҳои баланд ташкил менамоед, –  гуфт Президент.
Таъкид шуд, ки масъалаҳои инкишофи низоми тандурустӣ, муносиб қадр намудани меҳнати мутахассисони соҳа, тарбияи кадрҳои баландмалака, мустаҳкам намудани ҳамкории илмиву амалӣ бо марказҳои тиббии хориҷӣ ва муассисаҳои олии таълимӣ дар маркази диққати ҳамешагии давлат қарор хоҳанд гирифт.
Таъкид шуд, ки аз рӯзҳои нахустини пандемия барои мубориза бар зидди он беш аз сад ҳазор ходими тиббӣ сафарбар гардид, ки ҳаёти худро зери хатар гузошта, қаҳрамонии ҳақиқӣ зоҳир менамоянд.
– Боварӣ дорам, ки шифокорони мо бо шуҷоат ва матонат ҳаракат намуда, тамоми таҷриба ва дониши

худро ба кор бурда, вазифаҳои имрӯзро сарбаландона адо менамоянд. Тамоми қувваи худро барои ҳимояи сарвати бебаҳо – саломатии инсонҳо сафарбар менамоянд, – хулоса намуд Шавкат Мирзиёев.
Дар ҷамъомади видеоселекторӣ шахсони масъули соҳа, ҳокимони вилоятҳо, роҳбарони марказҳои тиббӣ ва муассисаҳои олии таълимӣ пешниҳодоти худро аз рӯйи масъалаҳои муҳокимагардида иброз намуданд.
 
ӮзА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ