Дар ҷамъомади навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чӣ гуна масъалаҳо муҳокима карда шуд?

Ҷамъомади навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Ҷумҳурии Ӯзбекистон  6 ноябр дар шакли алоқаи видеоконфронс баргузор гардид.
Ба ҷамъомад Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Арипов раисӣ кард.
Дар чорабинӣ инчунин сарвазирони ҷумҳуриҳои Беларус, Молдова, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон, иҷрокунандаи вазифаи Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон, муовини Раиси Девони Вазирон ва вазири корҳои хориҷии Туркманистон ширкат варзиданд.
Иштирокчиёни ҷаласа ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи ИДМ, инчунин ба талошҳои муштарак дар самти муборизаи самаранок ба паҳншавии сирояти коронавирус таваҷҷӯҳ зоҳир карданд. Қайд карда шуд, ки дар ин бобат фаъолияти пурраи минтақаи савдои озоди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳим аст.
Барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва сифати зиндагии халқҳои давлатҳои аъзои Иттиҳод зарурати ба роҳ мондани  ҳамкориҳо дар заминаи ҳамсоягии нек, ба эътибор гирифтани эҳтироми тарафайн ва манфиатҳо қайд гардид.
Сарони ҳукуматҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои Иттиҳод мубодилаи афкор карданд. Нақшаи чорабиниҳоро оид ба татбиқи марҳилаи якуми (солҳои 2021-2025) Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ то соли 2030 мавриди муҳокима қарор доданд.
Ин ҳуҷҷат, ки тамоюлҳои пойгоҳӣ ва самтҳои асосии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии кишварҳои ИДМ-ро муайян мекунад, ба баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти давлатҳои аъзои Иттиҳод, ба вуҷуд овардани низоми нақлиёти баландтехнологӣ, таҳкими маҷмӯи агросаноат, тезондани рақамигардонии иқтисодиёт, вусъат додани салоҳияти илмиву техникӣ ва фану таълим, инчунин минбаъд васеъ гардондани  ҳамкории молиявӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ нигаронида шудааст.
Иштирокчиён дар маърӯзаҳои худ ба вазъияти марбут ба пандемияи коронавирус алоҳида истода гузаштанд. Аз ҷумла, раиси Кумитаи иҷроия — Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев гуфт: Ӯзбекистон, ки аз ҷиҳати шумора ва таносуби қурбониёни ин беморӣ на танҳо дар ИДМ, балки дар ҷаҳон яке аз нишондиҳандаҳои мусбатро қайд намудааст, бобати самарабахш мубориза бурдан бар зидди пандемия, нарм гардондани таъсири мусбати пандемия ба иқтисодиёти мамлакат намуна мебошад. 
Иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, Сарвазири мамлакат Содир Жапаров, ки бори аввал дар Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ иштирок мекунад, эътироф кард, ки Президент ва Ҳукумати Ӯзбекистон ҳам дар қатори Русия, Қазоқистон ва Озарбойҷон дар давраи пандемия ба мақсади ҳамаҷониба дастгирӣ намудани халқи бародари қирғиз борҳо кӯмаки башардӯстона расонд. Ӯ миннатдории самимии худро изҳор кард.
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Асқар Мамин оид ба таъмини рушди иқтисодӣ дар ИДМ, то қадри имкон кам кардани таъсири манфии пандемия ба иқтисоди кишварҳои мо, масъалаҳои барқарор намудани корхонаҳои истеҳсолӣ як қатор пешниҳодҳои мушаххасро ба миён гузошт. Ҳамзамон, ӯ самаранокии тадбирҳои дар ин самт дар мамлакати мо андешидашударо қайд кард. Вай эътироф кард, ки таҳти раёсати Ӯзбекистон дар доираи Шӯро ба иҷрои қарорҳои қаблан қабулшуда диққати махсус медиҳад.
Роҳбари ҳукумати Қазоқистон диққати ҳамкасбони худро ба масъалаҳои амнияти озуқаворӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва нақлиёт, аз ҷумла ҳамкориҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон дар офаридани маҳсулоти сайёҳии фаромарзии «Роҳи бузурги абрешим» ҷалб кард. Дар ин робита, ӯ аз татбиқи лоиҳа оид ба роҳандозии шабакаи роҳи оҳани тезгарди Туркистон-Чимкент-Тошканд-Самарқанд-Бухоро-Хива хабар дод.
Бинобар ҷамъбасти ҷамъомади сарони ҳукуматҳо оид ба рушди соҳаҳои нақлиёт, энергетика, сохтмон, маориф, фарҳанг, туризм, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин сиёсати ҷавонон дар маҷмӯъ 23 санад ба имзо расид.
Дастурҳо оиди ба мақсади осоишта истифода бурдан аз нерӯи атомӣ, инноватсияҳо,   беҳтар кардани зиндагии иштирокч

иёни муноқишаҳои маҳаллӣ ва оилаҳои онҳо, консепсияҳои рушди ҳамкории байниминтақавӣ ва фаромарзӣ, инчунин муҳандисии кишоварзӣ, нақшаҳои ҳаракат оид ба таъмини бехатарии нақлиёт ва ҳамкории гуманитарии кишварҳои ИДМ, шартномаҳое, ки муносибатҳои тарафайни соҳаи  рушди рақамии ҷамъият ва ҳамлу нақли фаромарзии маводи радиоактивиро ба танзим меоранд,  аз ҷумлаи онҳост.
Ҷамъомади навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ 28 майи соли 2021 дар шаҳри Минск таҳти раёсати Ҷумҳурии Беларус баргузор мешавад.

Ғайрат ХОННАЗАРОВ,
мухбири ӮзА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ