Ҷо Байден: мо дар ин рақобат пирӯз мешавем!

Рақиби асосии Доналд Трамп дар интихоботи президентии ИМА, Ҷо Байден мегӯяд, ки ба ӯ даст медиҳад, аз 270 раъйи зарурӣ 300 овозро соҳиб шавад, хабар медиҳад РИА Новости.
Байден гуфтааст, ҳоло омода нест аз пирӯзии худ эълон кунад, вале аллакай маълум аст, ки ӯ ғолиб меояд. Трамп пештар гуфта буд, ки Байден набояд дар бораи пирӯзиаш «ғайриқонунӣ» сухан гӯяд ва таҳдид кард, ки дар ин робита ба додгоҳ муроҷиат хоҳад кард.
«Ҳоло мо омода нестем дар бораи пирӯзӣ эълон кунем, вале рақамҳо аёнанд: мо дар ин рақобат пирӯз мешавем. Мо дар Аризона ва Невада пирӯз мешавем… Бартарияти мо дар Невада дучанд шуд. Мо барои гирифтани 300 раъйи интихобкунандагон омода мешавем», — гуфт номзади Ҳизби демократӣ.
Байден гуфт ӯро беш аз 74 миллион амрикоиҳо — бештар аз ҳар президенти ИМА, дастгирӣ кардаанд.
Интихоботи президентии Амрико ба анҷом расида, феълан дар тамоми иёолоти кишвар баршумории овозҳо идома дорад. Новобаста аз ин, штабҳои Байден ва Трамп якчанд маротиба ҳар яке номзадҳояшонро пирӯз эълон карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ