Дар Украина ба консулгарии Озарбойҷон ҳамла карданд


Шаби 6 ноябр 2 нафар шахси номаълум ба консулгарии Озарбойҷон дар шаҳри Харкови Украина ҳамла карданд. Онҳо 6 бор ба сӯи консулгарӣ тир холӣ карданд.
Бино ба хабари маркази матбуотии консулгарии Озарбойҷон дар ин шаҳр, ҳамлакунандагон ба дару тирезаҳои бинои консулгарӣ тир андохтаанд. Дар ин ҳамла касе осеб надидаст.
Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон ин ҳамларо маҳкум кард ва омодагии худро ба ҳамкорӣ барои ба ҷавобгарӣ кашидани ҳамлакунандагон ба ҳукумати Украина изҳор намуд.
Дар мавриди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ