Раънои дилидӯстон буд Нарзипӯлод САИДОВА


Эй Худо, имрӯз дил садпора шуд, аз марги дӯст,
Во дареғо, ҷони ман бечора шуд, аз марги дӯст.
Хабари нохуш гӯё болу пар дошта бошад, барқосо зуд паҳн мешавад. Мо дӯсту дугонаҳои ҳамсабақи даврони донишҷӯӣ – Ҳадя Раҷабова,
Маҳбуба Турсунова, Замира Ҳоҷиматова, Масъуда
Нӯъмонова, Мусаввара Қуддусова ва ман – Нарзипӯлод Саидова аз шунидани хабари вафоти
Раъно Бойбекова сахт андӯҳгин шудем. Ҳангоми донишҷӯӣ 41 нафар якҷоя бо ҳам дар факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд мехондем. Баъди хатми он ба кору фаъолият пардохтем. Аввал, дар натиҷаи садамаи автомобилӣ аз қатори мо Хӯҷамурод Қӯлдошев рафт. Баъд Абдувоҳид Абдуваҳҳобов,
Тоҳир Юнусов, Ҳусниддин Зулфонов ва дигарон қариб нисфи ҳамкурсонамон аз дунё гузаштанд.
Инак, бо реҳлати Раънои боғи дилҳои мо сафи ҳамсабақон боз як нафар кам гардид. Мо бо Раъно дугонаи қарин ва бооқибат будем.
Ману вай ва Ҳадяи Раҷабоваи бухороӣ чор сол дар як парта нишаста, дарс хондем. Чӣ хеле, ки мегӯянд: «қувваи мушт – дар даҳ ангушт». Дӯстии
мо қувваи бузурге дошт.
Номи дигари ин дугонаамон Ӯлмасой буд. Фарзандони аввалини модараш, ки аз дунё гузаштаанд, ба ин дугонаамон чунин ном мондаанд.
Дугонаамон Раъно, ки он солҳо ҷисман хурд буд, мо ӯро дар байн гирифта менишастем. Вай духта-
раки боодобу хушмуомила буд. Ба дарсҳо ҳамеша бо тайёрии пухта иштирок мекард ва буррову
равон ҷавоб медод. Аз имтиҳонҳо ҳам ҳамеша баҳоҳои аъло мегирифт. Ҳарчанд бародари вай генерал бошад, ки мағрурӣ намекард. Доимо сараш хам буд. Аълочии гурӯҳамон ба ҳисоб мерафт. Баъзан мо якҷоя барои дарстайёркунӣ ба хонаашон мерафтем. Зимистонҳои хунук гирди
сандалии гарм нишаста, ҳузуру ҳаловат мебурдем. Модараш аз омадани мо ниҳоят хурсанд
мешуданд. «Дугонаҳои духтарам омаданд» гӯён, дастархони пурнозу неъмат оро дода, бо дилу ҷон
хизмат мекарданд.
Раъно Бойбекова ҳамчун дӯст, дугона, ҳамсабақ ва ҳамкасабаи мо дар маҳаллаи Рустами ноҳияи Самарқанд зиндагонии арзанда гузаронд.
Раъно гули хушбӯйи боғи маърифат ва таълиму тарбия буд. Дар тӯли 40 соли фаъолияти педагогӣ
Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, омӯзгори тоифаи олӣ шуд. Ба шогирдони бисёре таълиму тарбия дод. Онҳо дар давоми ин солҳо аз нозукиҳои шеър, оҳангнокии забон, одобу ахлоқи
ҳамидаи мардуми мо аз лаҳни зебои модарии омӯзгори нозукадо баҳравар гардиданд. Хоксорӣ, дилбарӣ, ширинбаёнӣ хоси Раъно буд. Шахси табиатан ором, дурандеш, суханҳои
шоиронааш ҳамчун дурру марҷон пурқимат буд. Китобҳои ӯ соли 2017 бо номи «Чаманистони
маърифат», соли 2012 «Мактаби оиладорӣ», соли 2019 «Тоҷи сари инсон адаб аст» ва соли 2020 «Анъ-
ана ва урфу одатҳои миллии самарқандиён» чоп ва манзури хонандагон гардиданд. Ин китобҳо
ҳам маҳсули заҳмати чандинсолаи муаллима буда, барои тарбияи ҷавонон дастурамали хубе
хоҳанд шуд. Дугонаи мо шоира Ҳадияи Бухороӣ аз вафоти Раъно Бойбекова ҷигархун шуда, чунин мисраъ ҳоро ба рӯйи коғаз овардааст:
Буди бар насли наврас тарбиятгар,
Китоби ҳикматат беҳ аз симу зар.
Туи Раънои боғи қалби дӯстон,
Суханҳои ширинат меваи тар.
Равонат шоду хуррам бод ҳамеша,
Самои хотиротро некахтар

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ