Дар мактабҳои Ӯзбекистон дарси “Science” ҷорӣ мешавад


Аз соли таҳсили 2021-2022 дар мактабҳои Ӯзбекистон дарси нави “Табиӣ” (Science) ҷорӣ мегардад. Дар ин бора маркази матбуотии Маркази таълими ҷумҳурӣ хабар дод.
Гуфта мешавад, ки дар чанд кишвари пешрафтаи ҷаҳон дарсҳои табиӣ (биология, география, кимиё ва физика) дар синфҳои 1-6 бар асоси дастури “Science” омӯхта мешавад.
Акнун дарсҳои “Олами атрофи мо” (синфҳои 1-2), “Табиатшиносӣ” (3-4), “География”, “Биология”, “Физика” (синфҳои 6 ва боло аз он) ва “Кимиё” (синфҳои 7 ва боло аз он) дар дарси нави “Табиӣ” ҷамъ мешаванд.
Бартарии “Табиӣ” ин аст, ки донишомӯз тавассути ин дарс воҳиду якпорча будани оламро дарк мекунад, ҷаҳонбинии илмии ӯ ташаккул меёбад. Дар натиҷа имкони иштироки комёбона дар пажӯҳишҳои PISA, TIMSS бештар мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ