Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: Ҷаҳон бояд ба пандемияи нав омода шавад


Созмони ҷаҳонии тандурустӣ кишварҳоро ба омодашавӣ ба пандемияи нав даъват мекунад. Дар ин бора “Cable News Network” хабар дод.
Мутахассисони созмон гуфтанд, “Мо дар соли охир дидем, кишварҳое, ки барои омодагӣ ба вазъиятҳои фавқулодда зерсохти мустаҳками тандурустӣ доранд, метавонанд барои нигоҳдорӣ ва назорати паҳншавии вируси SARS-CoV-2 фавран ҳаракат кунанд”.
Рӯзҳои 9-14 ноябри соли ҷорӣ маҷлиси Ассамблеяи умумии созмони ҷаҳонии тандурустӣ баргузор мешавад. Дар ин маҷлис дар бораи пурзӯр кардани омодагии соҳаи тандурустӣ ба вазъиятҳои фавқулодда қатъномаи нав қабул хоҳад шуд.
Ин қатънома ҷомеаи ҷаҳониро ба таъмин кардани омодагии фаврии кишварҳои ҷаҳон ба муайян ва пешгирӣ кардани бемориҳои сирояткунанда мисли COVID-19 даъват менамояд.
Ҳамчунин, коршиносони созмон аз миёни соли 2021 оғоз кардани эмкунӣ бар зидди коронавируси навро дар нақша доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ