Дар Қазоқистон чанд навъи ваксина алайҳи коронавирус коркард шудааст?

Дар Қазоқистон чор навъи ваксина алайҳи коронавирус коркард шудааст. Озмоиши клиникии ду ваксин то охири ҳамин сол анҷом меёбад.
Нахустин ваксинаи зидди коронавиус дар Қазоқистон — NARUVAX C-19, унвон гирифт иттилоъ медиҳад «Хабар 24».
Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Қазоқистон чор ваксинаи зидди коронавирусро сабти ном кард. Дутои онҳо то ҳол аз озмоиши клиникӣ дар бадани ҳайвонот дар Маркази илмии инфексияҳои хатарноки ба номи Айкимбоева санҷида мешаванд.
Ин ваксинаро дар Маркази байналмилалии назди Донишгоҳи аграрӣ коркард кардаанд.
Озмоиши клиникии ваксина дар пеш аст. То ҳоли ҳозир натиҷаи хуб ба даст омадааст: ваксина антителае коркард, ба муддати тӯлонӣ баданро аз хатар эмин нигоҳ медорад.
Ваксина дигари истеҳсоли Қазоқистон NARUVAX C-19/nano ном дорад.
Ин ваксина дар ҳамкорӣ бо олимони донишгоҳи иёлоти Огайо омода шудааст.
Вижагиҳои ин ваксина дар он аст, ки онро на чун сӯзандорӣ, балки ҳамчун қатра ба бинӣ ворид менамоянд.
Ҳамин тавр бехатарӣ ва самаранокии ваксина дучанд мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ