Байден пеш аз ҳама мехоҳад чанд қарори Трампро бекор кунад


Ҷозеф Байден, раисҷумҳури нави ИМА мехоҳад, ки кори нави худро бо бекор кардани чандин қарори Доналд Трамп оғоз кунад. Дар ин бора Вашингтон Пост хабар дод.
Аз ҷумла, Байден мехоҳад ИМА-ро ба созишномаи иқлимии Париж баргардонад ва аз хориҷ шудани кишвараш аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ пешгирӣ кунад. Ҳамчунин, бекор кардани маҳдудияти муҳоҷиратӣ, ки Трамп ҷорӣ кардааст, низ аз мақсадҳои аввали ӯст.
Ёдовар мешавем, ки ИМА рӯзи 4 ноябр аз созишномаи иқлимии Париж хориҷ шуд. Ҳамчунин, Трамп қарор карда буд, ки ИМА дар тобистони оянда аз созмони ҷаҳонии тандурустӣ хориҷ шавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ