Алиев: Шаҳри Шушаи Қаробоғро зери назорат даровардем


Шаҳри Шушаи Кӯҳистони Қаробоғ зери назорати нерӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон қарор гирифт. Дар ин бора Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон хабар дод.
Ӯ дар муроҷиати худ ба мардуми Озарбойҷон гуфт, “8 ноябр барои ҳамешагӣ дар таърихи кишвари мо ворид мешавад. Нерӯҳои мусаллаҳ назорати Шушаро ба даст гирифтанд. Мо ин ғалабаро дар майдони ҷанг ба даст овардем, не дар мизи музокираҳо. Музокираҳо маъно надоштанд”.
Аммо, вазорати мудофиаи Арманистон ин маълумотро рад кард. Бино ба баёнияи вазорат, ҳоло дар ин шаҳр ҷанг идома дорад.
Шуша яке аз шаҳрҳои муҳимми Қаробоғ ба шумор меравад. Фосилаи Шуша бо Степанакерт – пойтахти Қаробоғ 11 километр аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ