Беҳтар аст ибрат нишон диҳем


E Бахтовар КАРИМЗОДА
Вақтҳои охир шикояти калонсолонро
дар бораи сатҳи пасти ахлоқи насли наврас хеле бисёр мешунавем. Маълумоти оморӣ ҳам гувоҳӣ медиҳад, ки шумораи наврасони
бадахлоқу ҷинояткор дар ҷомеа кам нест. Вале бояд иқрор шавем, ки ин мавзӯъ кайҳо боз ҷомеаро ба ташвиш оварда, нав нест. Як далелаш ҳамин адабиёти хаттӣ ва фарҳанги
бостонии мост, осоре, ки бо насиҳатномаҳояш дар ҷаҳон назир надорад. Ин миллат насиҳатзада шудааст. Агар насиҳатномаҳои гузаштагонамон барои ислоҳи
вазъи ахлоқии мо мадад мерасонд, халқи мо фаришта мешуд. Вале ҳамин адабиёт ҳам натавонист ба таври бояду шояд аксарияти мардумро дар роҳи дуруст тарбият намояд.
Чун ҳамин қадар насиҳатамон карданд, ки аз он сер шудем, насиҳат бароямон дилбазан гашт.
Нуктаи дуюм. Инсон дар соҳаи худ ҳатто агар қаҳрамон ҳам бошад, набояд ба фарзандону насли нав таҳмил кунад, ки онҳо низ бо роҳи ӯ бираванд. Қабл аз ҳама, худи таҳмил-
кунӣ ба фарзанд он қадар писанд нест, тафаккури насли нав дигар аст, баробари тағйир ёфтани замон таҳаввул ёфт. Ба фарзанд агар
роҳи шумо бе маҷбурӣ писанд аст, бигзор, бо хоҳиши худ онро интихоб намояд. Маҷбуран бор кардани фикри худ на ҳама вақт самари хуб медиҳад. Ба муваффақ шудани фарзанд монеа шудан эҳтимолияти зиёд дошта мета-
вонад. Агар хоҳем, ки фарзандамон мисли худамон қаҳрамон шавад, бояд имкон диҳем, ки ӯ дар зиндагӣ роҳи худро пеш гирад. Нуктаи сеюм. Волидон на рафтори фарзанд, балки кирдори худро бояд дар назди ӯ муҳокима кунанд. Ин барои наврас бисёр муҳим аст ва се манфиат барои ӯ дорад. Нахуст, фарзанд мавқеи худро дар оила эҳсос мекунад, дуввум, худ муҳокимакуниро меомӯзад ва дар фаъолияташ онро истифода мебарад,
сеюм, аз таҷрибаи онҳо ибрат мегирад. Ибрат нишон додан инкор кардани тарбия не, балки воситаи табиии парвариши фарзанд аст. Фарзандро маҷбур насозед, ки
мисли шумо бошад, бигузоред, то ҷаҳонро бо чашми худ бинад, бо ақли худ шиносад ва дар муносибат бо атрофиён мустақилона фикр ронад, гуфтору рафтораш дар ихтиёраш
бошад, амалҳои худро озодона муҳокимаву баррасӣ карда, тасмими дуруст гирад ва дар ҷодаи интихобкардааш қаҳрамон гардад. Тавре Герман Гессе гуфтааст: “Ҳар касе, ки дар зиндагӣ роҳи махсуси худро пеш мегирад, қаҳрамон аст”.
Фарзанд ниҳол ё дарахт нест, ки мо шоху навдаҳои нолозимашро бурида партоем ва ба хости диламон шаклу сураташ бахшем. Инсон соҳиби эҳсосу идроку ақлу шуур аст, муҳиташро дарк мекунад ва роҳи дурустро
интихоб намуда метавонад. Одам бо ҳамин хусусиятҳо аз набототу ҳайвонот фарқ мекунад. Вагарна, барои офариниши инсон чӣ
зарурат буд? Вале, мутаассифона, калонсолон моро дар сатҳи махлуқот мегуморанд. Агар рустаниҳову махлуқот мисли инсон дорои
ақлу фаҳм мебуданд, ҳоҷат ба нигоҳубини онҳо намемонд. Балки намегузоштанд инсоният нисбаташон ин қадар ҷабру зулму таҳқирро раво бинад. Гузашта аз ин, падар, модар, омӯзгор, мулло ва ё ҳар нафари дигаре, ки пиндору гуфтору рафтораш як нест, дағалгуфтору дурӯғгӯ,
маишатпарасту тамокукашу бадмаст, нафспа расту зинокору мунофиқу хиёнаткор аст, оё ҳуқуқи маънавии насиҳатгар буданро дорад?
Аз ин рӯ, хубтар мебуд, агар ба ҷойи насиҳат кардан аз худ ибрат нишон медодем.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ