Рӯзи 9 ноябр нишасти байналмилалии бузургдошти аллома Иқболи Лоҳурӣ барпо мегардад


Рӯзи 9 ноябри соли 2020 бо ҳамкории Муассисаи фарҳангии ЭКО ва Донишгоҳи аллома Таботабоии Эрон нишасти байналмилалии бузургдошти Иқболи Лоҳурӣ, шоиру файласуфи форсизабон ба сурати онлайн баргузор мегардад. Дар ин бора Шоҳмансур Шоҳмирзо, коршиноси тоҷикистонии ЭКО дар сафҳаи худ дар фейсбук хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар оғози ин барнома Сарвар Бахтӣ — Раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО, Раҳим Ҳаёт Қурайшӣ — Сафири Покистон дар Теҳрон ва доктор Неъматулло Эронзода — Раиси донишкадаи адабиёт ва забонҳои хориҷии Донишгоҳи аллома Таботабоӣ суханронӣ хоҳанд кард.
Дар идома доктор Наргис Ҷобиринасаб — устоди Донишгоҳи аллома Таботабоӣ, доктор Фоиза Заҳро Мирзо — устоди Донишгоҳи Карочи ва Муҳаммадафсари Раҳбин — иқболпажӯҳ ва Раиси Архиви миллии Афғонистон дар бораи шеъру афкор ва андешаи Иқбол дар кишварҳои ЭКО суҳбат хоҳанд кард.
Алоқамандон метавонанд барномаро 9 — уми ноябри соли ҷорӣ соати 13.30 рӯи ин адрес ба таври зинда тамошо кунанд: HTTPS://MEETING.ATU.AC.IR/CH/INTERNATIONAL

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ