Мушовири Трамп ба ӯ пешниҳод кард, ки мағлубиятро эътироф кунад


Дар ҳоле, ки Доналд Трамп даъво мекунад, ки дар интихоботи раисҷумҳурии ИМА ғолиб шуду Байден бо сохтакориҳо дар ҷараёни интихобот дар чанд иёлат овозҳоро “аз они худ кард” ва ӯ то ин масъала дар додгоҳ (суд) баррасӣ нашавад, Кохи Сафедро “холӣ намекунад”, мушовири ӯ пешниҳод кард, ки мағлубияташро эътироф кунад. Дар ин бора шабакаи CNN хабар додааст
Гуфта мешавад, ки Кушнер ба Трамп муроҷиат кардааст ва гуфтааст, ки мағлуб шудани худро дар интихоботи раисҷумҳурӣ эътироф кунад. Вале, муносибати Трамп ба ин пешнҳиод ҳанӯз маълум нест.
Ёдовар мешавем, ки аксариятии расонаҳои хабарии ИМА дар бораи ғолиб шудани Байден дар интихоботи раисҷумҳурӣ хабар доданд. Вале, Трамп фикри дигар дорад ва талаб мекунад, ки дар чандин иёлат овозҳоро аз нав шуморанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ