Рӯзи 8 ноябр 218 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд


Рӯзи гузашта дар Ӯзбекистон 218 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд.
Бино ба маълумоти вазорати ҳифзи тандурустӣ, дар ин рӯз 2 нафар бемор фавтиданд ва шумори умумии қурбониёни коронавирус ба 585 нафар расид.
Рӯзи 8 ноябр дар шаҳри Тошканд, ҷумҳурии Қорақалпоқистон, вилоятҳои Тошканд, Андиҷон, Ҷиззах, Қашқадарё, Намангон, Фарғона ва Хоразм 209 нафар бемор шифо ёфтанд.
Ҳоло шумори умумии мубталоёни коронавирус дар кишвар 68 730 нафар буда, 65 971 нафари онҳо бемориро паси сар кардаанд.
Дар айни ҳол дар бемористонҳо 2174 нафар бемор муолиҷа мешаванд. Вазъияти 248 нафари онҳо вазнин, 65 нафар хеле вазнин аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ