Байден мехоҳад дар саросари ИМА режими маҷбурии ниқобпӯширо ҷорӣ кунад


Ҷо Байден, раисҷумҳури нави ИМА мехоҳад, ки дар саросари ИМА режими маҷбурии ниқобпӯшӣ ҷорӣ шавад. Дар ин бора шабакаи телевизионии NBC News хабар дод.
Ба гуфтаи як намояндаи ситоди пешазинтихоботии Байден, ӯ ба зудӣ ба губернаторҳои иёлатҳо ва ҳокимони шаҳрҳои бузурги амрикоӣ занг мезанад ва онҳоро ба ҷорӣ кардани режими маҷбурии ниқобпӯшӣ даъват мекунад. Агар губернаторе даъвати Байденро напазирад, ӯ ба назди ҳокимони шаҳрҳои ҳамон минтақа меравад ва дархосташро ба онҳо изҳор мекунад.
Бино ба хабари NBC News, ҳоло беш аз нисфи иёлатҳои ИМА дар ҷойҳои умумӣ ниқобпӯшӣ ҷорӣ аст.
Ёдовар мешавем, бино ба маълумоти пажӯҳишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс то ҳол дар ИМА 9,9 миллион нафар мубталои вирус ва беш аз 237 ҳазор нафар қурбони он шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ