Русия: дар 24 соат 20 498 ҳолати нави гирифторшавӣ ба бемории коронавирус аниқ гардид

Шабонарӯзи гузашта дар Русия 20 498 ҳолати нави гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид, хабар медиҳад РИА Новости.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи сеюм аст, ки пайдарҳам меъёрӣ гирифторшавӣ аз 20 ҳазор зиёд сурат мегирад.
Гуфта мешавад, чоряки гирифторони ин маризӣ бидуни аломат гирифтор шудаанд.
Шумораи аз ҳама зиёди гирифторон дар Маскав (5751, як рӯз пеш — 5829), Санкт-Петербург (1331) ва вилояти Москва (644) аст. Камтар аз ҳама дар Округи Автономии Ненетс — ҳашт нафар. Дар Чукотка ягон ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус сабт нашудааст.
Зимнан, дар як шабонарӯз 286 нафари дигар қурбони COVID-19 шуда, 11.492 мариз аз беморхонаҳо ҷавоб дода шуданд.
Ба ҳамин минвол, дар Русия теъдоди гирифторони коронавирус ба 1 774 334 нафар баробар шуд. Ҳамчунин 30.537 аз замони авҷи ин маризӣ то 8 — уми ноябр фавтида, 1.324.419 нафар дар ин муддат шифо ёфтанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ