Маълумоти асосӣ оиди Президенти нави ИМА — Жо Байден

Жо Байдени 77-сола президенти навбатии ИМА мешавад. Оиди ҳаёти ӯ маълумоти асосӣ: дар давоми беш аз 35 сол дар штати Делавэр сенатор шудааст. Дар маъмурияти Президент Барак Обама лавозими витсе-президентиро ба ӯҳда дошт. Байден яке аз вакилони баобрӯ ва пуртаҷрибаи ҳизби демократҳо ба ҳисоб меравад. Вай 21-уми январи соли оянда ба синни 78 қадам мемонад. Ӯ соли 1942 дар шаҳри Скрантони штати Пенсилвания тавлид ёфт. Дар Донишгоҳи штати Делавэр аз рӯйи таърих ва сиёсатшиносӣ хонд. Сипас, дар Донишгоҳи Сиранкузаи Ню-Йорк ҳуқуқшиносӣ омӯхт. Аз сари вай мушкилиҳои зиёде гузаштааст. Вақти сисолагиаш ҳамсар ва духтарчаи яксолааш қурбони автосадама шудаанд. Соли 2016 писари калонаш вафот кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ