Турнири хотиравӣ баргузор гардид

Дар ноҳияи Каттақӯрғон бо мақсади ривоҷи футболи бачагона, дар байни ҷавонон боз ҳам оммавигардонии футбол бо иштироки наврасон мусобиқаҳои гуногун гузаронида мешавад. Дар мусобиқаҳо ҷавонфутболчиҳо фаъол иштирок мекунанд. Аз ҷумла, дар варзишгоҳи «Ёшлик»-и ноҳия дар байни 13-14-солагон бахшида ба хотираи мураббӣ Неъматулло Боймуродов турнир шуда гузашт. Дар мусобиқа ба ғайр аз футболбозони ноҳия ҷамоаҳои дигар ноҳияҳо низ иштирок карданд. Дар мусобиқа ҷавонфутболбозони ноҳияи Каттақӯрғон ғолибиро ба даст оварданд. Ҷойҳои дуюму саввумро ҷамоаҳои футболи ноҳияҳои Пахтачи ва Иштихон ишғол карданд. Дар поёни мусобиқа ғолибу иштирокдорон бо диплому тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гаштанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ