Путин якбора 5 нафар вазири Русияро аз вазифа озод кард


Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи 9 ноябр якбора 5 нафар вазирро аз вазифа барканор кард.
Дмитрий Кобилкин, вазири захираҳои табиӣ ва экология, Владимир Якушев, вазири сохтусоз ва хоҷагии коммуналӣ, Евгений Дитрих, вазири ҳамлу нақл, Александр Новак, вазири энергетика ва Александр Козлов, вазири рушди Шарқи Дур бо фармони Путин аз мақоми худ озод шуданд.
Михаил Мишустин, сарвазири Русия Козловро ба раисии вазорати захираҳои табиӣ ва экология, Николай Шулгиновро ба раисии вазорати энергетика, Виталий Савелевро ба вазорати ҳамлу нақл, Ирек Файзуллинро ба вазорати энергетика ва Алексей Чекунковро ба вазорати рушди Шарқи Дур пешниҳод кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ