Дар Самара манзили ӯзбекистониён дар коми оташ сӯхт


Рӯзи 7 ноябр дар шаҳри Самараи Русия як хонаи хусусии зодаи Ӯзбекистон дар коми оташ сӯхт. 4 нафар дар ин ҳодиса кушта ва 5 нафар захмӣ шудаанд.
Бино ба хабари консулгарии Ӯзбекистон дар шаҳри Қазон, яке аз захмиён, ки шаҳрванди Ӯзбекистон мебошад, ҳоло дар бемористони рақами 1-и шаҳри Самара бистарӣ аст.
Дар ҳоли ҳозир шахсияти қурбониён мушаххас мегардад. Пулиси Русия ин ҳодисаро ҳоло меомӯзад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ