Дар Русия барои муҳоҷирони таксирон маҳдудият ҷорӣ мешавад

Ба сарвазири Русия, Михаил Мишустин пешниҳод шудааст, ки иҷозаи кор дар таксиҳо ба унвони худкор, танҳо ба шаҳрвандони Русия дода шавад ва ба муҳоҷирон танҳо дар мақоми соҳибкори инфиродӣ, менависад Ведомости.
Муроҷитаномаи мазкурро шаҳрдори Маскав Сергей Собянин, губернатори Санкт-Петербург Александр Беглов ва раҳбарияти вилоёти Маскав ва Ленинград Александр Воробев ва Александр Дрозденко имзо кардаанд.
Пешниҳодот ба ҳукумати ФР равон карда шудааст, ки дар доираи баррасии тарҳи қонун дар бораи кор дар таксиҳо дар Думаи давлатӣ пурра карда мешавад.
Маълум шуда, ки ба тарҳи қонун меъёре илова шудааст, ки ба ронандагоне, ки режими махсуси андозбандии «Андоз аз даромади касбӣ» -ро интихоб кардаанд, иҷозат кор медиҳад. То ҳол, қонунгузории амалкунанда истифодаи худкориро барои ҳамлу нақли таксӣ бидуни соҳибкорони инфиродӣ иҷозат намедиҳад.
Раҳбарияти ширкатҳои бузурги вилоятҳои Русия барои ҷорӣ кардани маҳдудият дар кори муҳоҷирони таксирон ба ҳукумат муроҷиат карданд.
Ин тағйирот ба ҳиссаи бештари ронандагони таксӣ аз ҳисоби муҳоҷирон рабт дорад, ки гуфта мешавад, бозори меҳнати шаҳрвандони Русияро танг карда 50 дарсади ронандагони таксиро ташкил медиҳанд.
Дар муроҷиатнома омада, ки дар ҳамин чаҳор манотиқи кишвар 178 ҳазор таксӣ фаъол аст, ки 45% аз шумораи умумии онҳо дар саросари Русияро ташкил медиҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ