Дар Намангон чемпионати картинг сар шуд

Дар шоҳроҳи Учқӯрғони вилояти Намангон маросими рангоранги ифтитоҳи чемпионати картинг баргузор шуд. Дар мусобиқаи картинг ҳудуди 150 варзишкор аз Тошканд, Қароқалпоқистон ва дигар шаҳрҳои мамлакат иштирок мекунанд.
Клуби ноҳиявии варзишиву омӯзишии ташкилоти «Ватанпарвар»-и Учғӯрғон шоҳроҳи нав ва муосирро барои мусобиқаи картинг таҷдид кард, ки ба тамоми талаботу стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Масоҳати умумии он бештар аз ҳазор метр аст.
Афзун бар ин, дар ҳудуди картодром дар масоҳати қариб 2 ҳектар бино бо ҳуҷраҳояш барои мураббиён ва кормандони соҳаи тиб, хонаи либоскашӣ ва устохонаи таъмири картингҳо сохта шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ