Ваксинаи амрикоӣ-олмонӣ самарбахш будани худро исбот кард


Ваксинае, ки ширкатҳои амрикоиву олмонӣ – Pfizer ва BioNTech дар ҳамкорӣ сохтанд, дар савумин марҳилаи озмоиш самарбахшии худро исбот кард. Дар ин бора ширкатҳои истеҳсолкунанда хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки ваксина беш аз 90 дарсад самарбахшӣ нишон додааст.
Дар охирҳои моҳи ноябр ин ваксина ба идораи назорати санитарии сифати хӯрокворӣ ва доруҳои ИМА барои таҳлил тақдим мешавад. Қабл аз ин бехатарии доруро низ озмоиш мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ