Боз як раисҷумҳур мубталои коронавирус шуд


Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина мубталои коронавирус шуд. Дар ин бора худи Зеленский дар сафҳааш дар Фейсбук хабар дод.
Ӯ чунин навишт, “Дар ҷаҳон каси бахтиёре нест, ки COVID-19 ба ӯ таҳдид накарда бошад. Бо вуҷуди ҳамагуна чораҳои карантинӣ, ман низ тести мусбат дарёфт кардам. Таби ман 37,5 дараҷа аст, вале ба ҳама таби 36,6 орзу мекунам! Дар зимн, ҳоли ман хуб аст. Ваъда медиҳам, ки дар инзиво (изолятсия) корро идома медиҳам. Аксарият COVID-19-ро паси сар мекунанд. Ман низ шифо хоҳам ёфт. Ҳамааш бо хубӣ анҷом хоҳад ёфт!”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ