Шавкат Мирзиёев рӯзи 10 ноябр дар нишасти Созмони ҳамкории Шанхай иштирок мекунад


Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон фардо, 10 ноябр дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай иштирок мекунад. Ин нишаст дар шакли видеоконфронс барпо мегардад. Дар ин бора маркази матбуотии раисҷумҳури Ӯзбекистон хабар дод.
Дар ин маҷлис масъалаи таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар чорчӯби СҲШ дар вазъияти афзоиши таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ баррасӣ мегардад.
Ҳамчунин, тарафҳо дар бораи ояндаи ҳамкориҳои бисёрҷониба ва масъалаҳои муҳимми рӯз табодули афкор мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ