Ӯзбекистон истеҳсоли бензинро 101,4 дарсад зиёд кард


Дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон 769,1 ҳазор тонна бензин истеҳсол шуд. Ҳаҷми истеҳсоли ин навъи сӯзишворӣ дар муқоиса бо ҳамин даври соли гузашта 101,4 дарсад афзоиш ёфт.
80,6 дарсади бензин дар вилояти Бухоро, 18,5 дарсад дар вилояти Фарғона ва 1 дарсад дар Қашқадарё истеҳсол гардид.
Дар ин 9 моҳи сол Ӯзбекистон ба кишварҳои хориҷӣ 55,9 миллион литр бензинро ба арзиши 15,6 миллион доллар экспорт кард.
Ҳамчунин, дар ин муддат ҳаҷми импорти бензин аз хориҷа 152,9 миллион литр (ба арзиши 33,1 милилон доллар) буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ