Путин се вазирро аз кор гирифт

Бино бар фармони президенти Русия, Евгений Дитрих аз маснади вазири нақлиёти Русия, Дмитрий Кобилкин аз вазифаи вазири захираҳои табиӣ, Владимир Якушев аз Вазорати сохтмон барканор шуданд.
Дар як вақт, Путин мансаби нав — муовини даҳуми нахуствазир ташкил кардааст.
Роҳбари Ҳукумати Русия Михаил Мишустин аллакай номзадҳо ба мансабҳои холишударо пешниҳод кардааст.
Аз ҷумла, ба вазифаи муовини нави нахуствазир Александр Новак, вазири вазорати энергетика баррасӣ мешавад. Интизор меравад, ки ба ҷои Новак, роҳбари «Русгидро» Николай Шулгинов таъин шавад.
Эҳтимол меравад, ки робари «Аэрофлот» Виталий Савелев вазири нақлиёт, вазири вазорати табиат Александра Козлова аз вазири сохтмон — Ирек Файзуллина таъин шаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ