15 дарсади аҳолии Қазоқистон бо ваксинаи бепул таъмин мешаванд


Тақрибан 15 дарсади аҳолии Қазоқистон бо ваксинаи зидди коронавирус бепул таъмин мегарданд. Дар ин бора Нурлибек Асилбеков, раиси кумитаи назорати сифату бехатарии маҳсулот ва хидматрасониҳои Қазоқистон хабар дод.
Ба гуфтаи Асилбеков, дар аввал таъмини аҳолӣ бо 2 миллион доза ваксинаи бепул барномарезӣ шуда буд. Ҳоло зиёд кардани шумори ваксинаҳои бепул баррасӣ мегардад.
Асилбеков чанде пеш гуфта буд, ки Қазоқистон мехоҳад ваксинаҳои ширкатҳои Pfizer ва BioNTech-ро харидорӣ кунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ