Ӯзбекистон аз экспорти чормағз беш аз 12 миллион доллар даромад кард


Ӯзбекистон дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ 2180 тонна чормағзро ба арзиши 12,2 миллион доллар ба кишварҳои хориҷӣ экспорт кард. Дар ин бора кумитаи давлатии гумрук хабар дод.
32 дарсади чормағзи содиротӣ ба Қирғизистон, 9 дарсадӣ ба Русия ва Белорус ва 8 дарсад ба Эрон фурӯхта шуд. Ҳамчунин, Венгрия, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Олмон ва Швейсария бори нахуст чормағзи Ӯзбекистонро харид карданд.
Ёдовар мешавем, ҳаҷми умумии содироти мева ва сабзавоти Ӯзбекистон дар 9 моҳи соли 2020 нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 27,4 дарсад коҳиш ёфт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ